Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ваҳдати миллӣ – ғояи миллӣ

Ба истиқболи ҷашни 20 - солагии Ваҳдати миллӣ, дар Академияи Вазорати корҳои дохилӣ мизи мудаввар дар мавзӯи «Ваҳдати миллӣ - ғояи миллӣ» бо иштироки шоирон, намояндагони Ҳамоҳангсозии ҳаракати Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон, ҳайати профессорону омӯзгорон, курсантон ва ҷамъияти илмии курсантон «Ҳомии тартибот» - и кафедраи ҳуқуқи маъмурӣ ва фаъолияти маъмурии Академияи мазкур, баргузор гардид. 

Мизи мудаввар бо садо додани Суруди Миллӣ оғоз гардида, сардори Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқ, генерал-майори милитсия Шарифзода Ф.Р. бо сухани муқаддимавӣ баромад намуда, меҳмононро хайра мақдам гуфт.
Дар рафти чорабинӣ Гулназар Келдӣ – шоири халқии Тоҷикистон дар мавзӯи «Таҷассуми ваҳдати миллӣ дар шеъри муосир», Мирзошоҳрух Асрорӣ - мушовири калони ҳамоҳангсозии ҳаракати Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар мавзӯи «Омилҳои таҳкими Ваҳдати миллӣ дар замони муосир», Рамазон Давлатов - раиси кумитаи иҷроияи ҳаракати Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон, доктори илмҳои фалсафа дар мавзӯи «Нақши Ваҳдати миллӣ дар таҳкими худшиносии миллӣ», Имомёрбеков Атобек – сардори кафедраи ҳуқуқи маъмурӣ ва фаъолияти маъмурии факултети №2, номзади илмҳои таърих, генерал - майори милитсия дар мавзӯи «Ваҳдати миллӣ – ифтихори ватандорист», баромад карда, андешаҳои хешро баён намуданд.

Зикр гардид, ки ба шарофати ба имзо расидани созишномаи такдирсоз, яъне созишномаи Ваҳдати миллӣ мо тавонистем, ки ба муноқишаҳои дохилӣ ва муқовиматҳои мусаллаҳона хотима бахшида, ба марҳалаи навини Тоҷикистон – гузоштани пойдевори сулҳ, таъмини Ваҳдати миллӣ ва дар ин асос ба эътидол овардани фаъолияти соҳаҳои хоҷагии халқи Тоҷикистон ва рушди онҳо оғоз намоем.
Ваҳдат - беҳтарин неъмат, ҳаёти инсон, орзуву ормон, таҳкими давлат, наҷоти миллат, рушди тоҷикон ва умуман ҳастии инсон дар ҳар замину замон аст. Ваҳдат ва сулҳи умумибашарии Тоҷикистон ҷонибдории мамлакатҳои бурунмарзиро ба бор оварда, мавқеву мақоми онро дар миқёси ҷаҳон овозадор намуд.
Имрӯз иттифоқ ва ҳамдилии халқи тоҷик мавриди омӯзиши Созмони Миллали Муттаҳид ва бисёр ташкилотҳои олам гардидаасг. Худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ пандест аз гузаштаи дуру пешрафти маънавиёти кишвар. Танҳо бо роҳи Ваҳдат, якдигарфаҳмӣ истиқлоли кишварро муҳофизату пойдор ва ягонагии мардумро устувор карда метавонем. Бояд қайд намуд, ки ин падида дар таърихи миллати тоҷик комёбии бузургтарин ва сарнавиштсоз буд, ки бе он истиқлолияти давлатии имрӯзаи мо шояд имконнопазир буд.
Он дарахте, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шинонидаанд, имрӯзҳо меваҳои ширину лазизи он самар оварда истодааст, ки бо онҳо мо - тоҷикон фахр месозем. Муносибати нави давлатӣ, сиёсати соҳибистиқлол гардидани Тоҷикистон, сохтмони роҳҳои нави дохилию берунӣ ва ба хориҷи кишвар баромадани тоҷиконро ба миён гузошт. Роҳи оҳани Қурғонтеппа – Кӯлоб сохтмони шоҳроҳи Ваҳдатро ба мамлакатҳои Осиё, ба суйи уқёнуси ҷаҳон, роҳҳои калонтарини хушкигард расонид. Ин дастовард боиси эҳёи арзишҳои миллии “Роҳи бузурги абрешим” гардид, ки Бохтару Суғдро бо калонтарин давлатҳои ҷаҳон мепайвандад.
Дар анҷоми ҳамоиш Исмоил Назрӣ – ҳофизи шинохтаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҳмадшозода Сабрина - курсанти курси 1-уми факултети №2-и Академияи ВКД бо суруду таронаҳои дилошуб дар васфи Ваҳдати миллӣ хотири ҳозиринро болида гардониданд.
Гул Маҳбуба, Шарифзода П., Акрамова Ш. 


You have no rights to post comments



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид. Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд. Қисми даромади буҷети давлатӣ 102,5 фоиз таъмин гардида, давлат ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуд. Ба ин мақсад танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 40 миллиард ....>>>

Qonun25

© 2024 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика