Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шиносоии мактаббачагон бо шароити илмомӯзӣ дар Академияи ВКД

16-уми майи соли ҷорӣ дар Академияи ВКД бо ташаббуси роҳбарияти ин муассисаи таҳсилоти олии касбӣ вохӯрӣ ва саёҳати мактаббачагони мактаб-интернати ноҳияи Шаҳринав ва мактаб-интернати №1-и шаҳри Душанбе дар доираи амалигардонии Нақшаи чорабиниҳо тибқи Барномаи ислоҳоти (рушди) милитсия барои солҳои 2014-2020, баргузор гардид.

Дар вохӯрӣ омӯзгорону хонандагони мактаб-интернатҳои мазкур ва масъулини шуъбаи таълим ва факултети №2-и Академияи ВКД иштирок доштанд.
Дар доираи ин чорабинӣ, ки ба муносибати «Соли ҷавонон» баргузор гардид, мактаббачагон бо шароити таҳсилу илмомӯзӣ дар Академияи ВКД шинос шуданд.
Мавриди зикр аст, ки ин тадбири ҳарбӣ-ватандӯстӣ тамоюли касбии онҳоро бедор карда, мактаббачагон нисбати касби пуршарафи милитсия маълумот пайдо намуданд. Ҳамзамон дар толори маҷлисгоҳи Академияи мазкур ба хонандагон филми мустанади «Сад пушаймонӣ аз Сурия», ки аз фаъолияти ғайриқонунии ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ нақл мекард, намоиш дода шуд.
Инчунин, барои болидахотирии хонандагон барномаи консертии дастаи ҳаваскорони Академияи ВКД пешкаш гардонида шуд.

Бояд тазаккур дод, ки чунин вохӯриҳо ба баланд гардидани ҳисси ватандӯстии мактаббачагон мусоидат намуда, пайваста дар Академияи ВКД гузаронида мешаванд.
Убайдуллоев Ш. 


You have no rights to post comments



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид. Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд. Қисми даромади буҷети давлатӣ 102,5 фоиз таъмин гардида, давлат ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуд. Ба ин мақсад танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 40 миллиард ....>>>

Qonun25

© 2024 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика