Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Нақши ҷавонон дар рушду нумӯи ҷомеаи мутамаддин

Имрӯз (12.05.с.2017), дар Академияи Вазорати корҳои дохилӣ конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ дар мавзӯи “Ҷавонон нерӯи созандаи ҷомеа” бахшида ба эълон гардидани соли 2017 – “Соли ҷавонон” ва 20-солагии Ваҳдати миллӣ аз тарафи Шӯрои ҷавонони Академияи мазкур доир гардид. 

Дар конференсия Умарҷони Эмомалӣ - сардори Маркази матбуоти Дастгоҳи Вазири корҳои дохилӣ, полковники милитсия дар мавзӯи «Ҷавонон созандаи ҷомеаи боадолат» ва полковники милитсия Бухоризода Мансур Ғоиб - сардори Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ байни ноболиғон ва ҷавонони ВКД дар мавзӯи «Пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ» баромад намуда, фикру андешаҳои худро доир ба нақши созгори ҷавонон дар рушду нумӯи ҷомеаи мутамаддин иброз намуданд.
Дар рафти чорабинӣ Муродзода Муҳсин - корманди Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи «Муқовимат ба терроризм, мусоидат дар ҳаёти осоишта”, Ашуров Ашур - мудири шуъбаи кор бо ҷавонони Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи Осимӣ дар мавзӯи «Ҳолати кунунӣ ва дурнамои рушди ташкилотҳои ҷамъиятии ҷавонони Тоҷикистон», Қувватов Сайдулло - мудири шуъбаи кор бо ҷавонони Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ дар мавзӯи «Равандҳои сиёсӣ дар ҷаҳони муосир ва таъсири онҳо ба ҷавонони Тоҷикистон» бо маърӯзаҳо баромад намуда, аз ҷавонон даъват ба амал оварданд, ки ба омӯхтани илму дониш, забонҳои хориҷӣ ва технологияи муосир таваҷҷӯҳи хоса зоҳир намуда, дар оянда ҳамчун мутахассисони ботаҷриба ба халқу Ватан софдилона хизмат намоянд.

Ҳамчунин, дар идомаи конференсия Нуруллозода Меҳрулло – муаллими калони кафедраи ҳолатҳои фавқулоддаи Академияи ВКД, лейтенанти калони милитсия, дар мавзӯи «Ҷавонон пайгири ташаббусҳои бузург дар ҳалли масоили вобаста ба об», Нозилшоев Ҷумъахон - сармутахассиси бахши ҷавонони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар мавзӯи «Ҷавонон ва дастоварди онҳо дар даврони истиқлолият», Давлатов Мардихудо - роҳбари гурӯҳи ҷавонони “Авангард” дар мавзӯи «Пешвои миллат ва соли 2017 - «Соли ҷавонон» ва дигарон баромадҳои пурмӯҳтаво карданд.

Дар хотимаи конференсияи ҷумҳуриявӣ Қулбоев Ҷаҳонгир - курсанти курси 3-юми факултети №2-и Академияи ВКД дар васфи ҷавонон шеърҳои пурмазмун қироат кард, ки онҳо ба ҳозирин нерӯи тоза ва ғизои маънавӣ бахшиданд.
Гул Маҳбуба, Рухшона Шукурова. 


You have no rights to post comments



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид. Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд. Қисми даромади буҷети давлатӣ 102,5 фоиз таъмин гардида, давлат ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуд. Ба ин мақсад танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 40 миллиард ....>>>

Qonun25

© 2024 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика