Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Кишваре, ки илмро рушд намедиҳад, ба мустамлика табдил меёбад

Имрӯз (05.05.с.2017), бо ташаббуси шуъбаи адъюнктураи Академияи Вазорати корҳои дохилӣ дар партави Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ бахшида ба Соли ҷавонон ва Ваҳдати миллӣ семинари илмӣ дар мавзӯи «Нақши ҷавонон дар рушди илми Тоҷикистон» баргузор гардид.

Семинари илмӣ дар толори Шӯрои олимони Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки муовини аввали сардори Академияи мазкур, генерал-майори милитсия Кабирзода Ҷурахон Ҳаким ва ҳайати профессорону омӯзгорон, адъюнктон, унвонҷӯён, курсантон ва инчунин дигар кормандони муассисаҳои таҳсилоти олии касбиву илмии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Нахуст муовини аввали сардори Академия, Кабирзода Ҷурахон Ҳаким бо шукргузорӣ аз сулҳу субот иброз намуд, ки боиси ифтихору сарфарозист, ки маҳз бо шарофати сиёсати хирадмандона ва оқилонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон истиқлолият ва Ваҳдати миллӣ дар таърихи давлатдорӣ ва сарнавишти миллати тоҷик гардиши куллӣ ва оғози марҳилаи сифатан нави рушд гардиданд.
Ворид гардидан ба ин марҳилаи нави таърихӣ дар назди роҳбарияти давлату миллати тоҷик ва тамоми сокинони ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон иҷрои вазифаи пурмасъулияти таърихӣ, яъне бунёди давлати мутамаддини ҷавобгӯ ба манфитаҳои халқу кишвар ва рукнҳои давлатдории муосирро пеш гузошт.

Яке аз вазифаҳои муҳим дар ин самт ба вуҷуд овардани фазои мусоид барои рушди илм ва технологияи муосир, тарбияи кадрҳои илмӣ ва ташкилу идора намудани соҳаи илму маориф дар шароити нав маҳсуб мешавад. Зеро дар ҳар давру замон маориф ва илм омили муҳимтарини пешрафту пойдории давлату миллатҳо ба шумор меравад ва ин арзишҳо дар таърихи башарият ҳамеша нақши асосӣ ва муайянкунандаро доранд. Чунончӣ дорандаи Ҷоизаи Нобел Жолио Кюри таъкид намудааст: «Кишваре, ки илмро рушд намедиҳад, ба мустамлика табдил меёбад».
Дар радифи ин гуфтаҳо Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид менамоянд, ки «Илм меҳвари асосии рушди ҳар як кишвар ва олимон захираи бузурги зеҳнии ҷомеа маҳсуб меёбанд».
Дар ҷаҳони муосир рӯ овардан ба масъалаи ҷавонон ва истифода аз имкониятҳои зеҳниву ҷисмонии онҳо яке аз шартҳои ноил шудан ба инкишофи устувори давлат ва ҷомеа мебошад. Бо назардошти муҳимияти ҷомеаи имрӯза дар кори пешбурди ҳамаи соҳаҳо, мавқеи ҷавонон хеле муҳим аст, чунки ин қишри ҷомеа дорои афкори тозаю нав, нерӯи муҳими пешбарандаи ҷомеа мебошад.
Бузургиву муҳимияти нақши ҷавонон дар ташаккулу мустаҳкамгардии давлатдории миллӣ боз аз ҷониби Пешвои миллат эълон гардидани соли 2017 «Соли ҷавонон» инъикос меёбад. Зеро ҷавонони ватандӯсту ватанпарвар, матину қавиирода ва далеру шуҷоъ дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ғайратмандона фаъолият намуда, дар пешрафти мамлакат ҳиссаи муносиб мегузоранд. Барои ободиву пешрафти он софдилона хизмат намуда, бо донишҳои муосири худ ҳамчун мутахассисони оянда ба хотири тараққиёти кишвар саъю талош меварзанд.
Маърӯзачиён дар доираи мавзӯҳои «Ҷавонон ва илм дар меҳвари Паём», «Роҳҳои ҷалб намудани ҷавонон ба корҳои илмӣ-тадқиқотӣ», «Ҷавонон созандаи ҷомеаи боадолат», «Омилҳои даст ба худкушӣ задани ҷавонону ноболиғон ва роҳҳои пешгирии он», «Нақши мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рушди илм», «Мушкилоти танзими ҳуқуқии фазои интернетӣ дар Тоҷикистон», «Вазъи нашъамандӣ дар байни ҷавонон» ва ғайра баромад намуданд.
Дар баромади худ, Раиси Шӯрои ҷавонони Академияи Вазорати корҳои дохилӣ, майори милитсия Наҷмидинов А.Н. чунин қайд намуд: «Мо ҷавонони мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд дар атрофи Пешвои миллат камари ҳиммат бандем, содиқона ба Ватан хизмат кунем ва баҳри ободии давлату миллати хеш саҳми арзандаи худро гузорем».

Мавриди қайд аст, ки ҷиҳати густариш додан ва мустаҳкам намудани базаи илмии Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, баланд бардоштани нуфузи илмии он дар миқёси муассисаҳои олии таълимӣ ва илмии ҷумҳурӣ, инчунин баланд бардоштани сатҳи маълумот, тахассуси илмӣ ва педагогии шаҳрвандон соли 2014 якумин маротиба шуъбаи адъюнктура таъсис дода шуда, фаъолияти худро идома дода истодааст.
Бояд тазаккур дод, ки шуъбаи адъюнктура бахшида ба эълон гардидани соли 2017 - «Соли ҷавонон» ва Ваҳдати миллӣ семинари мазкурро ташкил намуд, ки дар он нақши ҷавонон дар рушди илму маърифат муҳим арзёбӣ гардид.
Дар хотима, аз номи роҳбарияти Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маърӯзачиён тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.
Сафаров О.Ҳ., Убайдулозода Ф.  


You have no rights to post comments



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид. Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд. Қисми даромади буҷети давлатӣ 102,5 фоиз таъмин гардида, давлат ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуд. Ба ин мақсад танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 40 миллиард ....>>>

Qonun25

© 2024 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика