Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Викторина бахшида ба “Соли ҷавонон”

 

15 апрели соли 2017 бо ташаббуси кафедраи забонҳои факултети №2-и Академияи Вазорати корҳои дохилӣ викторина дар мавзӯи “Забони англисӣ – воситаи муошират” (The international language of communication) бахшида ба «Соли ҷавонон» ва зодрӯзи сардафтари адабиёти муосири тоҷик Садриддин Айнӣ бо иштироки курсантони курси 1-уми Академияи ВКД баргузор гардид.

Дар чорабинӣ, нахуст муовини сардори факултети №2-и Академияи ВКД, полковники милитсия Асламов Б.С. бо сухани ифтитоҳӣ доир ба “Соли ҷавонон” эълон гардидани соли 2017 ва хизматҳои шоёну қаҳрамониҳои ин адиби бузург ба чорабинии мазкур ҳусни оғоз бахшид.

Сипас курсантони курси 1 оид ба ҳаёт, фаъолият ва зиндагиномаи С.Айнӣ бо маърӯзаҳо баромад намуда, ҳамчунин аз эҷодиёти ин нависанда, шоир ва адиби тавоно шеърҳо қироат намуданд.
Хабирова Т.А., майори милитсия




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид. Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд. Қисми даромади буҷети давлатӣ 102,5 фоиз таъмин гардида, давлат ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуд. Ба ин мақсад танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 40 миллиард ....>>>

Qonun24

© 2024 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика