Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мизи мудаввар дар мавзӯи “Ҷавонон ояндаи миллат”

Дар Академияи Вазорати корҳои дохилӣ бахшида ба эълон гардидани соли 2017 ҳамчун “Соли ҷавонон” аз тарафи Шӯрои ҷавонон ва Шӯрои роҳнамои Академияи ВКД мизи мудаввар дар мавзӯи “Ҷавонон ояндаи миллат” баргузор гардид. 

Дар мизи мудаввар курсантони Академияи мазкур дар мавзӯъҳои гуногун баромад намуда, фикру андешаҳои худро доир ба саҳми ҷавонон ва нақши онҳо дар рушду нумӯи кишвар иброз намуданд. Аз он ҷумла, Давлатов Ҳуснидин – курсанти курси 5-ум дар мавзӯи «Хусусиятҳои Паёми Пешвои миллат», Бойматов Фирӯз - курсанти курси 2-юм дар мавзӯи «Рафтори майли ба каҷравӣ: Таҳлили иҷтимоӣ-равонӣ ва криминалогӣ дар байни ҷавонон», Паллаева Суман - курсанти курси 1-ум дар мавзӯи «Пешвои миллат – роҳнамои ҷавонони кишвар”, Усмонов Ҳадятулло - курсанти курси 3-юм дар мавзӯи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон», Шокиров Абдулатиф - курсанти курси 1-ум дар мавзӯи «Асосҳои ташкилӣ-ҳуқуқии ҳамкории мақомоти корҳои дохилӣ бо институти ҷомеаи шаҳрвандӣ дар соҳаи муқовимат бо коррупсия”, Зоидов Некулзамон - курсанти курси 4-ум дар мавзӯи “Коррупсия ҳамчун монеаи пешрафти ҳаёти ҷомеа ва муаммоҳои баробарҳуқуқии шаҳрвандӣ” маърӯза намуданд.
Ҳамчунин, Зардаков Довуд - курсанти курси 1-уми Академияи ВКД шеъри эҷоднамудаи худро дар васфи Ватан қироат кард.

Дар хотима, байни иштирокчиёни мизи мудаввар муҳокимарониҳо сурат гирифта, таклифу пешниҳодҳои судманд иброз гардид.
Наҷмидинов А.Н., раиси Шӯрои ҷавонони Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, майори милитсия


You have no rights to post comments



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид. Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд. Қисми даромади буҷети давлатӣ 102,5 фоиз таъмин гардида, давлат ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуд. Ба ин мақсад танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 40 миллиард ....>>>

Qonun24

© 2024 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика