Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳимоя намудани рисолаи номзадӣ дар мавзӯи “Тафтишоти ҷиноятҳои ошкорнашудаи солҳои пеш”

Омӯзгорони Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ибтидо аз соли 2003, барои таҳсил дар Адъюнктураи муассисаҳои олии таълимии ВКД Федератсияи Россия сафарбар мешаванд. Ин иқдоми нек барои минбаъд такмил додани корҳои илмӣ дар Академияи ВКД дастоварди назаррас буда, дар рушду такомули минбаъдаи тайёр намудани кадрҳои илмӣ ва илмӣ-педагогӣ мусоидат мекунад. Ин ташаббуси роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ ва Академияи ВКД пайваста амалӣ гардида, ҳар сол теъдоди муайяни омӯзгорон барои баланд бардоштани савияи дониш ва дараҷаи илмӣ саъю кӯшиш менамоянд. Кормандони унвони илмидошта обрӯ ва эътибори Академияи ВКД ва дар умум мақомоти корҳои дохилиро чӣ дар миқёси ҷумҳурӣ ва чӣ берун аз он муаррифӣ менамоянд.

Боиси ифтихор аст, ки 6 апрели соли ҷорӣ дар дар Академияи идоракунии ВКД Федератсияи Россия дар шаҳри Москва, аз ҷониби омӯзгори калони кафедраи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯии факултети №2-и Академияи Вазорати корҳои дохилӣ подполковники милитсия Самиев Назар Мурадович рисолаи номзадӣ дар мавзӯи “Тафтишоти ҷиноятҳои ошкорнашудаи солҳои пеш” (Расследование нераскрытых преступлений прошлых лет (по материалам Республики Таджикистан и Российской Федерации) барои дарёфти унвони номзади илмҳои ҳуқуқ бо ихтисоси криминалистика, фаъолияти экспертӣ-судӣ ва фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ бомуваффақият ҳимоя карда шуд.

Аз ин лиҳоз, роҳбарият, ҳайати профессорону омӯзгорон, афсарону курсантон ва шунавандагони Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон Самиев Назар Мурадовичро самимона табрик гуфта, барои фатҳ намудани қуллаҳои нави илмӣ муваффақиятҳои бепоён таманно менамоянд.
Хабирова Т.А., майори милитсия 


You have no rights to post comments



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид. Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд. Қисми даромади буҷети давлатӣ 102,5 фоиз таъмин гардида, давлат ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуд. Ба ин мақсад танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 40 миллиард ....>>>

Qonun24

© 2024 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика