Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мизи мудаввар дар мавзӯи «Ташаккули омӯзгори болаёқат» дар ҳамкорӣ бо Ассотсиатсияи ҳуқуқшиносони Амрико

4-уми апрели соли 2017 дар Академияи Вазорати корҳои дохилӣ мизи мудаввар дар мавзӯи «Ташаккули омӯзгори болаёқат» дар ҳамкорӣ бо филиали Ассотсиатсияи ҳуқуқшиносони Амрико дар Тоҷикистон (АБА РОЛИ) барои профессорону омӯзгорони Академияи мазкур баргузор гардид.

Дар мизи мудаввар 30-нафар омӯзгорони болаёқати Академияи ВКД иштирок намуданд. Мизи мудавварро сардори факултети №2 Академияи ВКД, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, полковники милитсия Ализода А.А. бо сухани ифтитоҳӣ оғоз намуд.
Дар рафти мизи мудаввар мавзӯъҳои зерин мавриди баррасӣ қарор дода шуданд:
- Омӯзиш дар мактаби ҳуқуқи Амрико (Американская школа права);
- Истифодаи методҳо ва принсипҳои омӯзиш дар ШМА;
- Истифодаи технологияи муосир дар раванди таълим;
- Омоданамоии политсия дар ШМА.
Дар муҳокимаи мавзӯъҳои мизи мудаввар омӯзгорони Академияи ВКД оид ба масъалаҳои гуногун, ки дар раванди таълим ба миён меоянд, суҳбат доир намуда, аз таҷрибаи ҳалли проблемаҳо бо назардошти таҷрибаи ИМА шинос шуданд.
Мавриди қайд аст, ки ҳамкорӣ бо филиали Ассосиатсияи ҳуқуқшиносони Амрико бо Академияи ВКД дар солҳои 90-уми асри гузашта, вақте ки кишвар қадамҳои нахустини худро дар ҷодаи рушди ислоҳоти қонунгузории дохилӣ мегузошт, алахусус, дар таҳияи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, аз ҷумла, Кодекси ҷиноятӣ ва Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз ёфт. Ҳамкории ин созмони байналмилалӣ дар пешниҳод намудани экспертҳои байналмилалӣ, таъмин бо воситаҳои техникӣ, инчунин дар таблиғоти лоиҳаҳои мазкур дар байни ҷамъият буд.
Далели хуби ҳамкориҳои дуҷониба ин дар якҷоягӣ бо Академияи ВКД ташкил ва гузаронидани конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ дар мавзӯи «5-солагии Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон: дастовардҳо, масъалаҳо ва дурнамои инкишоф» буд, ки он дар таърихи 3-юми декабри соли 2014 баргузор гардид.

Ҳоло мутахассисони Академияи ВКД ҳамчун аъзои гурӯҳои кории АБА РОЛИ дар такмили қонунгузорӣ дар соҳаи адолати пешбурди судӣ, масъалаҳои мубрами мубориза бар зидди коррупсия, инчунин мониторинги парвандаҳои судӣ оид ба гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар мебошанд.
Бояд тазаккур дод, ки Ассотсиатсияи ҳуқуқшиносони Амрико иттиҳоди ихтиёрии ҳуқуқшиносон буда, аз соли 1876 яъне, тӯли 140-сол аст, ки фаъолият менамояд ва 400 000 аъзо дорад.
Ассотсиатсияи ҳуқуқшиносони Амрико зиёда дар 30 самт фаъолият менамояд. Аз ҷумла, такмил додани курсҳои тайёр намудани қоидаҳои этикаи рафтори адвокатҳо, судяҳо ва дигар ҳуқуқшиносон, муайян намудани сексия оид ба мурофияи ҷиноятӣ, гражданӣ, ташкили курсҳои омӯзишӣ ва иҷозат додан барои фаъолияти адвокатҳо, инчунин дигар самтҳое, ки барои кӯмак намудан ба ҳуқуқшиносон вобаста мебошад.
Каримова Л.М. 


You have no rights to post comments



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид. Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд. Қисми даромади буҷети давлатӣ 102,5 фоиз таъмин гардида, давлат ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуд. Ба ин мақсад танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 40 миллиард ....>>>

Qonun24

© 2024 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика