Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Конференсияи «Об барои рушди устувор» бо иштироки кормандони милитсия

Дар конференсияе, ки имрӯз - 30-юми март дар Шуъбаи ВКД дар ноҳияи Варзоб доир гардид, масъулини Ҳукумати ноҳия, Академияи ВКД, роҳбарият ва ҳайати шахсии шуъбаи милитсия иштирок намуданд. Тавре дар оғози ин чорабинӣ сардори ШВКД дар ноҳияи Варзоб, полковники милитсия Саидзода Раҳматулло Аҳмад иброз намуд, нишасти имрӯза дар доираи дастуру супоришҳои роҳбарияти ВКД вобаста ба омодагиҳо барои таҷлил намудани Даҳсолаи нави байналмилалии "Об барои рушди устувор барои солҳои 2018-2028" гузаронида шуда истодааст.

Зимни суханронии худ мавсуф аз аҳамияти об дар ҳаёти инсоният ёдовар шуда, иброз намуд, ки дар бисёре аз нуқтаҳои сайёраи мо мардумони зиёде аз норасоии оби ошомиданӣ танқисӣ кашида, ба ҳар гуна бемориҳо мубтало мегарданд.
Муовини раиси ноҳияи Варзоб Баҳриддин Нозимзода ҳам дар маърӯзаи худ оид ба аҳамияти об дар рушду инкишофи соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ изҳори андеша намуда, зикр сохт, ки боиси ифтихори ҳар як тоҷикистонӣ мебошад, ки ин навбат низ пешниҳоди наҷибонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар масъалаҳои марбут ба об аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ дастгирӣ ёфта, умед аст, ки чорабиниҳое, ки дар доираи ин Даҳсолаи нави байналмилалии «Об барои рушди устувор» дар саросари ҷаҳон, аз ҷумла дар Тоҷикистони мо гузаронида мешаванд, бисёр мушкилоти ҳаёти инсониятро вобаста ба оби ошомиданӣ ҳаллу фасл менамоянд.
Дар идомаи конференсияи мазкур дигар иштирокчиёни он низ баромадҳо намуданд. Аз ҷумла, сардабири ҳафтаномаи ҳуқуқӣ, сиёсӣ ва иҷтимоии «Қонун ва ҷомеа»-и ВКД, полковники милитсия Шерализода Ҳасан Шералӣ зимни суханронии худ оид ба корҳои анҷомдодаи ин нашрияи соҳавӣ, ки инъикоскунандаи фаъолияти шабонарӯзии хизматчиёни мақомоти корҳои дохилӣ мебошад, ибрози назар намуд. Тавре ӯ зикр сохт, ҳафтанома доир ба мавзӯъҳои вобаста ба масоили об ва муҳити зист пайваста мақолаҳо дарҷ менамояд. Мавсуф дар тақвияти андешаҳояш аз чопи мақолаи Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро дар рӯзи 29-уми декабри соли 2016, ки зери унвони «Тоҷикистон ва ташаббусҳои ҷаҳонии он» дар нашрияи мазкур нашр гардида буд, ёдовар шуд.
Омӯзгори ҷавони факултети №5-и Академияи ВКД, лейтенанти калони милитсия Меҳрулло Нуруллозода бошад, зимни баромади худ аз ташаббусҳои байналмилалии ҷониби Тоҷикистон дар соҳаи обу муҳити зист ёдовар шуда, иброз намуд, ки бо иқдоми бевоситаи Пешвои миллати тоҷик муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чор барномаи марбута пешниҳод гардидааст, ки вобаста ба онҳо Созмони Милали Муттаҳид соли 2003-ро «Соли байналмилалии оби ошомиданӣ», солҳои 2005-2015-ро Даҳсолаи байналмилалии амалҳо “Об барои ҳаёт”, соли 2013-ро «Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи захираҳои об» ва дар ниҳоят, рӯзи 21-уми декабри соли 2016 Қатъномаи ин ташкилоти бонуфузи ҷаҳонӣ дар бораи эълон намудани Даҳсолаи нави байналмилалии "Об барои рушди устувор барои солҳои 2018-2028" қабул гардид.

Тавре дар идомаи ин нишасти илмӣ қайд карда шуд, он чорабиниву ҳамоишҳое, ки дар доираи ин ташаббусҳои арзандаи Тоҷикистон дар саросари олам гузаронида шуданд, ба ҳалли бисёр мушкилоти марбут ба пешгирии офатҳои табиӣ ва проблемаҳои глобалӣ мусоидат намуданд.
Дар интиҳои конференсия сардори ШВКД дар ноҳияи Варзоб, полковники милитсия Саидзода Р.А. баромад намуда, дар муроҷиат ба иштирокчиёни чорабинии мазкур, ки аксаран кормандони ҷавони милитсия буданд, иброз намуд, ки он фикру андешаҳое, ки дар ҷамъомади имрӯза баён гардиданд, бояд сармашқи кори ҳаррӯзаи ҳар як хизматчии мақомоти корҳои дохилӣ ва умуман, сокинони кишвар бошад.
Тавре ӯ иброз намуд, бо роҳҳои тарғибу ташвиқ намудани ғояҳои башардӯстона, аз ҷумла вобаста ба сарфаю сариштакорона истифода бурдани захираҳои обӣ, хусусан оби тозаи ошомиданиро, ки ганҷи бебаҳои диёри биҳиштосои мо маҳсуб меёбад, дастаҷамъона метавонем дар пешгирии ифлосшавии обу муҳити зист саҳмгузорӣ намоем.
Умед ОЧИЛОВ  


You have no rights to post comments



Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид. Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд. Қисми даромади буҷети давлатӣ 102,5 фоиз таъмин гардида, давлат ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуд. Ба ин мақсад танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 40 миллиард ....>>>

Qonun24

© 2024 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика