Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Истиқлолият ва ганҷи истиқлол

1907

Бод истиқлол ҷовид
Дар фазои Тоҷикистон.
Дар дили ман дар дили ту,
Ҳамватан, чун ишқу дармон.

Чун сухан аз истиқлол ва соҳибистиқлол будани давлати Тоҷикистон ба миён меояд, таърихи пурфоҷиаву хуншори миллати тоҷик дар солҳои навадуми қарни гузашта пеши назар меоянд. Миллате, ки Худованд ӯро рӯйи замини паҳновар, ҳосилхезу пурфайз, дар канори рӯдҳои хурӯшон, чашмасорони зулолу ҷӯшон, дар оғӯши кӯҳсорони пурганҷу дарахтзорони пурмева ҷой додааст. Миллате, ки фарзандони нобиғааш аз қаъри асрҳо то ба имрӯз оламиёнро ба ҳайрат гузоштааст. Миллате, ки пойдевори нахустин давлату вазоратҳоро гузоштааст. Бале, дар ҳақиқат Тоҷикистон дар баробари ба даст овардани истиқлолият ба мо имконият пайдо кард, ки ин атои таърихиро ба манфиати ҷомеа баҳри ояндаи нек ва хушбахтии вай, дӯстию бародарӣ, ваҳдату якпорчагии миллати тоҷик истифода барем. Зеро, халқи тоҷик ҳазорон сол пеш мардуме чун офаранда арзи ҳастӣ намуд, қасру шаҳрҳо бунёд кард, дар рушди илму адаб, риояи адлу инсоф ва ишқу вафо парчаму ҳадафи рӯзгорро абадӣ ҳисобид.
Имсол мардуми Тоҷикистон давраи сиюмин солгарди аз Иттиҳоди Ҷамоҳири Сотсиалистии Шӯравӣ ҳамчун ҷумҳурии мустақили сиёсӣ ҷудо шуданашро ҷашн мегирад. Набояд фаромӯш кард, ки дар тӯли ин солҳо халқи тоҷик фоҷиаи мудҳиши ҷанги шаҳрвандӣ, ҳамдигаркуширо аз сар гузаронид. Муборизаи қувваҳои сиёсии қудратхоҳ ба кишвар ҳисороти бузурги ҷонӣ, моддӣ ва маънавӣ расониданд, ки онро бо пулу мол андоза кардан мумкин нест. Мардуми аз ҷиҳати сиёсӣ ва фарҳангӣ қафомонда ба моҳияти даъват ва шиорҳои пурошӯби «пешвоёнашон» дуруст сарфаҳм нарафтанд. Надонистанд, ки роҳбарону пешвоёнашон ба ҷуз мақоми муайянро дар ҷомеа ишғол намудан, ҳадафи дигаре надоранд. Аммо дар рафти баҳамбархӯрии қувваҳои гуногуни сиёсӣ иштирокчиёни муҳорибаҳо оҳиста-оҳиста натиҷаи хуб надодани муборизаашонро дарк намуданд, ки маблағгузорону ҳомиёнашон бо кадом мақсад кӯмак мерасонанд ва ғаразашон дар чист.
Аз ҳамон лаҳзае, ки дарк карда шуд, байни пешвоёни қувваҳои мухолиф фикри ба ҳам вохӯрдан ва низоъҳоро бо роҳи гуфтушуниду гузаштҳои байниҳамдигарӣ ҳаллу фасл кардан низ пайдо шуд. Ба ҳар ҳол ақли солим боло гирифту қувваҳои даргир ба ҳам омаданд ва ҳар кадом уҳдадор шуданд, ки барои мустаҳкам намудани истиқлолияти воқеӣ ҷонашонро дареғ намедоранд ва кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки дар фазои сулҳу субот бинои истиқлолиятро бо ҳам месозанд.
Заминаҳои ба даст омадани Истиқлолият дар таърихи халқи тоҷик дар он аст, ки пеш аз ҳама тоҷикон таърихи бою куҳан доранд. Ҳанӯз дар асрҳои 7-9 давлатҳои Суғду Бохтар, Порту Маргиёна ва Хоразми бузургро созмон дода, дар рушди тамаддуни башар ҳиссагузорӣ кардаанд. Дар масири таърих борҳо тавассути ҳамлаҳои давлатҳои абарқудрат истиқлолияти худро аз даст дода, боз соҳиби давлату шаҳомат гаштаанд.
Ҳамлаҳои Ҳахоманишиён, Салчуқиёну Ғазнавиён, Қарохониҳову Чингизхон, арабҳо ва ғайра боиси давра ба давра аз байн рафтани давлатҳои куҳан, сарзаминҳои бобоӣ ва ба сарзамини камзамин табдил ёфтани мулки тоҷикон гардид. Аммо, ҳисси истиқлолиятхоҳӣ мардуми озодидӯсти ниёгонамонро ба корнамоиҳову шуҷоатмандӣ даъват мекард. Мисоли оддии он баъди тасарруфи арабҳо хонадонҳои маъруфи ибтидои асри нуҳум Тоҳириён, Саффориён, Сомониён муваффақ гаштанд, ки ба давлату маданияти миллӣ эҳё бахшанд. Абадмардони миллат чун Исмоил ибни Аҳмади Сомонӣ тавонистанд аз ҳайати хилофати Араб берун гашта, давлати мутамаркази соҳибихтиёру миллии тоҷиконро асос гузоранд. Маҳз дар ҳамин давра ташаккули халқияти тоҷик ва тамоми унсурҳои он марзи ягона, забони адабии тоҷикӣ, маданияти ягона ташаккул ёфтанд. Беҳуда нест, ки олимон ин давраи инкишофёбии таърихи халқи моро – давраи тиллоӣ меноманд.
Дар ҳақиқат, имрӯз аз он шукрона мекунем, ки Тоҷикистонро бештар аз 200 давлати дунё мешиносанд, садои Тоҷикистонро дар олитарин минбарҳои ҷаҳон мешунаванд. Лозим ба ёдоварист, ки 6-уми ноябр дар солномаи Тоҷикистони соҳибистиқлол чун санаи махсуси таърихӣ сабт шудааст. Аз ин ҷост, ки мардуми фарҳангдӯсти тоҷик ҳар сол 6-уми ноябрро ҳамчун рӯзи Конститутсияи ҷумҳурии соҳибистиқлоламон ботантана ҷашн мегиранд.
Имрӯз Тоҷикистони соҳибистиқлол дорои Конститутсияи худ, Суруди миллӣ, Парчам, асъори миллӣ, артиши миллӣ буда, аъзои бонуфузтарин ташкилотҳои байналмилалӣ аст.
Соҳибистиқлол будан – ин дар минбари байналмилалӣ бо сари баланд аз номи халқи эҷодкор, пешқадам ва дорои иқтисодиёту фарҳанги бакамолрасида сухан рондан, маҳсулоти ақлии давлатро ба маърази дигарон гузоштану онро намоиш додан аст.
Миллат ҳамон вақт соҳибистиқлоли комил эътироф меёбад, ки маҳсулоти истеҳсолкардаи онро дар бозори ҷаҳонӣ харидорӣ намоянд. Аз рӯйи тамғаи дар болои молҳои гуногуни хушсифаташ халқҳои дигар дар бораи мавҷудияти халқу давлат огаҳӣ пайдо кунанд.
Соҳибистиқлол будан маънои онро дорад, ки ҳар кадом шаҳрванд баҳри мустаҳкам намудани асосҳои иқтисодии ҷамъият баҳри пешрафти илму техника, маориф ва фарҳанг воситаҳои босамару манфиатбахшро ҷустуҷӯ менамояд.
Ҳаминро ҳам хотирнишон намоем, ки дар Конститутсияи Тоҷикистон давлати соҳибистиқлол дар бобати фароҳам овардани сулҳи комил ва ризоияти миллӣ дар саросари мамлакатамон низ нақши муҳим бозидааст, зеро дар он тамоми меъёрҳои зиндагии ҷомеаи демократӣ ҳуқуқбунёд ва дунявӣ инъикос гардидааст.
Ба ҳамагон хуб маълум аст, ки сиёсати дар асоси Конститутсия пешгирифтаи Президенту Ҳукуматро на танҳо кулли мардуми Тоҷикистон, балки созмонҳои бонуфузи байналхалқӣ ва аксари давлатҳои ҷаҳон пуштибонӣ ва дастгирӣ менамоянд. Ин тасодуф нест, зеро дар Тоҷикистони соҳибистиқлол барои фаъолияти озодонаи сиёсию иқтисодӣ тамоми заминаҳо ва шароитҳо муҳайё карда шудааст. Масалан, барои фаъолияти озодонаи ҳамаи ҳизбҳои сиёсӣ, ҳаракатҳои ҷамъиятӣ ва созмонҳои ғайриҳукуматӣ имконияти васеъ фароҳам оварда шудааст. Ва дуруст аст, ки истифода аз ин ҳуқуқу имкониятҳо бояд танҳо дар доираи қонун сурат бигирад.
Ба ин муносибат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша таъкид менамоянд, ки омӯзиши Конститутсия, ҳамчунин рамзҳои давлатӣ, яъне Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ ҳанӯз дар боғчаҳои бачагонаву синфҳои ибтидоӣ ба роҳ монда шавад. Дар ҳар давлати соҳибистиқлол бояд ҳисси ифтихори миллӣ, ватандӯстӣ, дарки моҳияти давлатдории миллӣ бо тамоми рамзҳояш ҳанӯз бо шири модар дар ҷону хиради ҳар як фард маъво гирад ва аз насл ба насл бигузарад. Дар ҷомеаи соҳибистиқлоли мо мардону занон ҳуқуқи баробар доранд. Бо мақсади татбиқи амалии ин баробарҳуқуқӣ, Ҳукумат, пеш аз ҳама Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар ҳамеша кӯшиш менамоянд, ки иштироки бештари занон дар ҳаёти ҷомеа, аз ҷумла, дар корҳои идораи давлат таъмин карда шаванд. Аз ин ҷост, ки занони бофарҳангу фаъол ва кордон дар тамоми сохторҳои давлатӣ ва мақомоти Ҳокимияти иҷроияи маҳаллӣ вазифаи роҳбариро ба зимма доранд.
Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳалли проблемаҳои ҷавонон низ эътибори ҷиддӣ медиҳанд, зеро ҷавонон дар ҷомеаи мо қувваи бузурганд ва дар ободонии ватани соҳибистиқлол ва баланд бардоштани обрӯи миллат саҳми арзанда мегузоранд. Аз ин лиҳоз, як нуқтаро набояд фаромӯш кунем, ки ояндаи Тоҷикистони соҳибистиқлол ва дар қатори давлатҳои пешрафта ҷой гирифтани давлати тоҷик, пеш аз ҳама, аз сатҳи маънавиёту фарҳанг, донишу маҳорат ва кӯшишу ғайрати ҷавонон вобаста аст. Ба ин хотир, ин нуқтаро мо устодон такрор ба такрор ба шогирдон фаҳмонанд, то ки онҳо хуб дарк намоянд, ки сарнавишти Тоҷикистони соҳибистиқлол пеш аз ҳама дар дасти онҳост.
Дар интиҳо як бори дигар ёдрас менамоям, ки ҳар як шахс вазифадор аст, ки ин ганҷи бебаҳои ба дастовардашуда ва қонунҳои дар он амалкунандаро риоя кунад, ҳуқуқ, озодӣ ва шаъну шарафи дигаронро эҳтиром намоянд.

Сангинова Р.И., н.и.ф., дотсенти кафедраи забонҳои тоҷикӣ ва русӣ




  Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>

30.06

© 2022 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика