Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Истиқлол ормони ҳазорсолаи миллат аст

1906

Озодӣ ва истиқлолият тӯли ҳазорон сол барои миллати тоҷик аз ормонҳои муқаддас ба ҳисоб мерафт. Таърих гувоҳ аст, ки миллати қадимаву соҳибфарҳанги мо қариб ҳазор сол зери тасарруфи аҷнабиён, арабҳову муғулҳо ва туркҳо бори асорат бар дӯш дошт. Зери таъқибу фишор миёни туркзабонон дар Мовароуннаҳр забону фарҳанг ва анъанаҳои аҷдодии хешро пос дошт. Шояд миллати дигаре мебуд, кайҳо зери таъзиқ нобуд мешуд. Бо шарофати садҳо корномаву ҳамосаҳои қаҳрамонони халқӣ, ки барои озодии миллати хеш зидди аҷнабиён ва ғасбкорон ҷангидаву ҷони хеш нисор кардаанд, то замони нав миллати тоҷик зинда монд. Садҳо насли зиё, аз ҷумлаи олимону адибон орзуи истиқлолияти миллат ва давлати мустақили хешро доштанд. Дар асарҳои хеш ормони миллиро тасвир намуданд, қаҳрамонҳои маҷозӣ офаридаанд. Ин ормони миллӣ танҳо охирҳои қарни XX амалӣ гашт. Ҳарчанд субҳи истиқлол даррасид ва таърихи 9 сентябри соли 1991 Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқлолияти комили худро соҳиб шуд, вале дар пайи он даргириҳои ҷанги шаҳрвандӣ барои пиёдашавии ҳадафҳои истиқлол монеаҳои бузург эҷод мекард. Ҳукумати конститутсионӣ салоҳияти хешро аз даст дод. Тоҷикистон миёни дастони ифротиёну маҳалгароён даҳҳо тақсим шудан дошт. Оташи ҷанги бародаркӯш бошиддат забона мезад.

Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳбарияти ин кишвар шахсеро рӯйи кор овард, ки воқеан ва комилан ҳадафҳои истиқлолиятро амалӣ намуд. Ин шахси бузург, фарзанди фарзонаи миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буданд. Сарварии давлат ва комил намудани истиқлолият барои ин марди хирад осон ба даст наомадааст. Пеш аз ҳама маҳз, бо кӯшиши пайвастаи Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кишвар ваҳдати миллӣ ва сулҳу субот таҳким ёфт. Акнун дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон масоили густариш ва рушд бахшидани соҳаҳои муҳими хоҷагӣ, аз ҷумла, бунёди роҳҳо, нақбҳо, корхонаҳо, эҳёи арзишҳои маънавӣ, фаъол намудани корхонаҳои саноатӣ ва ба низом даровардани кори идораву мақомоти марбути соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ меистоданд. Албатта, ин ҳама баъди ба даст омадани ваҳдати комил дар кишвар шурӯъ гардид. Тайи 30-соли Истиқлолияти давлатӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон бо аксар давлатҳои дунё ҳамкориҳои густурдаро ба роҳ монд. Пешрафтҳои чашмгир дар соҳаҳои ҳаётан муҳим, аз қабили фарҳанг, илму маориф, тиб дар ин давра ба амал омад. Ҳамин тариқ, таҳти роҳбарии Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Тоҷикистон барномаҳои нав барои бунёди ҷомеаи демократӣ ва ҳуқуқбунёд таҳияву тарҳрезӣ гардида, заминаҳои мусоид барои рушди саноат ва иқтисод ба вуҷуд омад.
Давоми 30-соли истиқлол таваҷҷӯҳи хосаи ҳукумат ба қишри ояндасози миллат, ҷавонон вежа аст.
Ҷавонони даврони истиқлолият дар муқоиса бо ҷавонони қабл аз он аз ҷиҳати дороии имкониятҳои васеи моддиву маънавӣ куллан фарқ доранд. Ба вижа онҳо дар паноҳи сиёсати ҷавонпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор доранд. Аз нахустин рӯзҳои Истиқлолияти давлатӣ ва то имрӯз ҳар як ибтикори созанда ва фаъолияти ватандӯстонаи ҷавонон аз тарафи ҳукумати кишвар дастгирӣ ёфтааст. Ҷавобан ба ин ғамхориҳои давлат ва Ҳукумати мамлакат ҷавонон вазифаҳои аввалиндараҷаи худро иҷро намуда истодаанд. Дар баромадҳои хеш Президенти кишвар бо қаноатмандӣ амалҳои шоистаи ҷавононро арзёбӣ намуда, гуфта буданд: “Ҷавонони имрӯзаи мо, яъне насли замони истиқлол аз наслҳои пешина бо савияи илму дониш, маърифату ҷаҳонбинӣ, сатҳи тафаккур ва одобу ахлоқ фарқи куллӣ доранд, ки ин ҳама боиси ифтихори мо мебошад”, дар радифи ин матлаби Пешвои миллат бояд мо, насли ҷавон парчамбардор бошем, чун нерӯи офаранда ҷомеаеро бунёд намоем, ки таҷаллии ҷаҳонбинии пешрафта орӣ аз ифроту тафрит ва созандаву пешбаранда бошад.
Барои боварӣ ва эътимоди Пешвои миллатро сазовор шудан, моро зарур аст, ки дар руҳияи шикастнопазири эҳтиром кардан ва бузургу бартар доштани фарҳангу ойини худ хешро тарбият намоем, омӯзиши забони модариро аз дигар забонҳо боло бидонем, ҳамзамон аз донандагони хуби забонҳои хориҷӣ бошем, ба омӯзиши чуқури илмҳои табиӣ, дақиқ ва риёзӣ ҷиддӣ машғул гардем. Ватанамонро ба дилу ҷон дӯст дорем ва баҳри якпорчагии он саъй ва кӯшиш намоем.

Абубакри Исмоил, сокини шаҳри Исфара




  Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>

30.06

© 2022 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика