Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Терроризм равияи номатлуб дар ҷомеа

1650

Терроризм яке аз равияҳои тундгарои ҷомеа буда, имрӯзҳо ба ҷомеа таъсири хеле манфии худро расонида истодааст. Терроризм асосан ба мақсади ҷалби ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои характери динию экстримистӣ доштаи худ бештар усулҳои навтарини шустани майнаро бо истифода аз технологияҳои сиёсӣ рӯйи даст гирифтааст. Ҷавонони гумроҳ бо ваъдаҳои дурӯғи хоҷагони террорист бовар намудаву фирефта шуда, аксаран ба доми он меафтанд. Аз ин сабаб хеле хуб мешуд, ки ҷавонон ба ваъдаҳои бардурӯғи ифротгароён, ки дар хориҷи кишвар истода, бо ҳар баҳона онҳоро фиреб доданӣ мешаванд, набояд фирефта шаванд. Чунки онҳо зиндагии осудаву бароҳати худро халалдор менамоянд ва он вақт пушаймонӣ суде надорад. Аксари онҳо бо супориши хоҷагони худ амал мекунанд ва аз болои бадбахтиҳои овардаашон ба сари ҷавонони гумроҳе, ки онҳо ба доми худ афтондаанд, яъне ба ҳизбу ҳаракатҳои харакатери динӣ-экстремистӣ шомил намудаашон маблағҳои ҳангуфтеро ба даст меоранд. Худ қазоват намоед, ки маблағ ба кисаи онҳо мераваду аммо бадбахтиву сарсонӣ ва ғарибиву ҷиноят ба сари ҷавонони гумроҳ меафтад. Чӣ тавре ки Пешвои муаззами миллат дар Паёми худ оид ба хатар будани экстремизм ва терроризми динӣ изҳори нагаронӣ намуда буданд, ҷавонон набояд ба ҳаракатҳои экстремистию террористӣ шомил шаванд.
Чунончи Сарвари давлат дар Паёми худ дар ин бора чунин ибрози андеша намуданд: “Вазъи тағйирёбандаи ҷаҳони имрӯза ва хусусияти устувор пайдо намудани зуҳуроти хатарноки замони муосир, аз ҷумла терроризму экстремизм, қочоқи силоҳ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, киберҷиноятҳо ва дигар ҷиноятҳои фаромиллӣ, ки башариятро ба ташвиш овардаанд, моро водор месозад, ки ба масъалаҳои таъмини амнияти кишварамон диққати аввалиндараҷа диҳем.
Зеро пайравони созмонҳои террористиву экстремистӣ барои ноором сохтани вазъият дар ҷомеа ва тафриқаандозиву барангехтанини низоъҳои диниву мазҳабӣ кӯшиш карда, барои гумроҳ сохтани сокинони мамлакат, бахусус, ҷавонон ва ба созмонҳои манъшуда ҷалб намудани онҳо аз шабакаҳои интернетӣ васеъ истифода мебаранд.
Таъкид месозам, ки хоинони миллат ва хоҷаҳои хориҷии онҳо то ҳанӯз аз нақшаҳои нопоку ғаразноки худ, ки ибтидои солҳои 90-ум доштанд, даст накашидаанд.
Онҳо то баҳол аз хориҷи кишвар бо тамоми роҳу воситаҳо кӯшиш карда истодаанд, ки ҷомеаи моро ноором сохта, фарҳангу мазҳаби бегонаро ба сари мардуми мо таҳмил кунанд.
Мардуми шарифи Тоҷикистон, махсусан, ҷавонони бонангу номуси кишвар инро набояд фаромӯш кунанд ва бояд ҳамеша ҳушёру зирак бошанд.
Тавре ки ман борҳо таъкид карда будам, фаъолияти чунин равияҳои экстремистӣ, радикалӣ ва хурофотпарастӣ яке аз омилҳои асосии хатарзо барои имрӯзу фардои Тоҷикистон ва дигар кишварҳои минтақа ба шумор меравад ва аз мо андешидани чораҳои муштаракро талаб менамояд.
Бо мақсади идомаи корҳо дар ин самт, Прокуратураи генералӣ вазифадор карда мешавад, ки лоиҳаи нави «Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба терроризм ва экстремизм барои солҳои 2021 – 2025»-ро таҳия ва ба баррасии Ҳукумат пешниҳод намояд.
Мо борҳо эълон намудаем, ки Тоҷикистон дар арсаи мубориза бар зидди терроризму экстремизм, қочоқи силоҳ, маводи мухаддир, ки бар ҷинояткорӣ ва дигар ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ шарики табиии давлатҳо ва созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ мебошад.
Аз ин рӯ, Прокуратураи генералӣ, Вазорати корҳои дохилӣ ва Кумитаи давлатии амнияти миллиро зарур аст, ки ҳамкориро бо сохторҳои марбутаи давлатҳои хориҷӣ ва минтақавию байналмилалӣ дар ин самт тақвият бахшанд” (Паёми Президенти Ҷумуҳурии Тоҷикистон“ дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ” ш.Душанбе, 26 январи соли 2021- С. 37-38).
Ҷавонон бояд, ки аз ин гуфтаҳои Сарвари сиёсии кишвар барои худ хулосаҳои ҷиддӣ бигиранд ва дар самти мубориза алайҳи терроризм ва экстремизм дар сафи пеш бошанд. Зеро, ки аз ин оромиву осудагии кишвар вобастагӣ дорад.




  Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>

30.06

© 2022 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика