Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Хештаншиносиву ватандорӣ аз амали нек маншаъ мегирад

Ҳамватанони азиз! Мо бо Пешвои миллат ифтихор дорем! Барои мо, тоҷику Тоҷикистониён, барои ҳар як фард, халқ, миллат ва Ватани хешро дӯст медорад, мояи ифтихору сарфарозист, ки чунин Сарвари соҳибдавлату оқил, Пешвои муаззами кишвар дорем!

Миллати тоҷик бо қаҳрамонҳои худ чун Эмомалӣ Раҳмон Ватани аҷдодии худро аз марзи фаною нестӣ берун кашида, ин ватан, яъне Тоҷикистону миллати тоҷикро аз чанголи бадхоҳони миллат наҷот додаанд. Заҳмату талошҳои чунин шахсиятҳо дар ҷодаи нангу номуси миллӣ самараи нек ба бор меоварад, ки натиҷаю ҳосили ширину болаззати онро имрӯз ҳар як сокини мамлакат аз дуриҳои дури таърих баръало эҳсос менамояд.

Пешгирӣ аз иғвогарӣ

Баъзе аз шахсон аз итоати амру фармони Илоҳӣ дар талабот ба амалҳои Шариат ва манъ аз ҳар намуд иғвогарӣ ва сабр дар ҳар офатҳое, ки имрӯз болои замин омадааст саркашӣ намуда, амали онҳо васваса ва рехтани хуни мардуми бегуноҳ, ба гумроҳӣ кашидани аксари мардум мебошад, ки худро дар либоси ислом ва беайб дар чашми ҳамагон нишон дода, асли худро пинҳон мекунанд. Паёмбари Худо (с) мефармояд:
“Бо сӯйи аъмоли хайр шитоб кунед” - яъне, пеш аз омадани фитнаҳое, ки шуморо аз некӣ бозмедорад дур бошед, ки ин ҳама бадию бадбахтиҳо мебошанд. Мусулмонро аз аъмоли солеҳ бозмедоранд, ки онҳо ду қисм мебошанд: васвасаи шубҳаҳо ва муомилаи неки онҳо бо мардуми худ. “Фитна ба монанди буридани шаби торик аст”, яъне: дар ин ҳадис васвасаҳо ба қисмҳои торики шаб ташбеҳ дода шудааст, ки сиёҳӣ ва торикии он бисёр сиёҳу шадид ҳаст ва дар ин сиёҳиву торикӣ чизеро дида намешавад. Зеро тавсиф кардани шаби торик тасдиқи ин шиддат аст ва ин маҷозест барои шиддатнокии васваса ва номуайянӣ ва бузургии тарс аз он. Заъфи расидан ба ҳақиқат дар он ба зудӣ ба ботил воқеъ шудан аст. Марде, ки шабро ба имон рӯз мекунаду кофир ном мегирад, яъне: Ӯ кофир хоҳад шуд, агар ба фатводиҳандагони куфри ноҳақ гӯш диҳанд. Ӯ ба беимонии файз тоб меоварад ва ба куфри ҳақиқӣ таҳаммул мекунад. Шахс бо пешниҳоди баъзе аз ашхоси беилм бо моли ночизи ин ҷаҳон дини худро мефурӯшад. Аз ин ҳадис бармеояд, ки тарки ин ҳадис ва ё ба назар нагирифтани ин ҳадис барои ҳар як мусулмон мусибат ва бадбахтист. Яъне шахс имони худро ба моли ночизи дунё мефурӯшад.
Аввалин чизе, ки шумо ҳамчун як шахси вафодор назди миллати худ бояд эҳтиёт намоед аз чунин фитнаҳои замон дур будан аст. Бинобар ин воизону фитнагаронро ҷустуҷӯ накарда, аз онҳо яъне аз чунин ашхоси фитнагар дурӣ бояд ҷӯст. Ин барои шумо равшаннамо хоҳад шуд. Мафҳумҳоро барои шумо содда карда нишон медиҳад, то ки шумо қурбонии ин гуруҳи мансабҷӯён нашавед. Худ хулоса бароред, ки барои як амали нопок ва ё як амали зишт дарвозаҳои ҷаҳаннамро ба рӯи худ боз мегардонед. Онҳо бадкирдороне ҳастанд, ки ба тақдири шумо тариқи гуфтор ва суханварӣ таҳдид мекунанд, агар шумо дар пайравӣ аз ҳар касе, ки ба ҷуз Худои якторо қабул намоед, пас шумо худро аллакай аз даст додаед.
Дар ин ҳадиси шариф чунин ишора шудааст, ки касе, ки амали некаш кам бошад, васваса ва иғвогарӣ барояш зудтар хоҳад расид ва касе, ки амали неку хубаш зиёд бошад, набояд фирефтаи ин навъ фитнаҳо гардад, зеро сухани Паёмбар (с) дар маҷмӯъ ба тамоми уммат дахолат мекунад.
Дар ҳадиси шариф баён шудааст, ки метавон дунёи фониро бо (пул, мансаб, шӯҳрат ва ғ.) ба даст овард, вале ин моли дунё, ки дар муқобили охират ҳеҷ аст, маҳкум карда шуда, то барои ҳавову ҳаваси дунё аз номи поки дин эҳтиёт бояд кард, зеро нафси бади инсон бандаро тағйир дода, ӯро аз ибодати Худои худ боз медорад.
Хулоса, пас мо шаҳрвандони мамлакатро зарур аст, ки ба гуфтаҳои Пешвои муаззами миллатамон Эмомалӣ Раҳмон амал намуда, яъне: зиракии сиёсиро аз даст надода, баҳри якдигарфаҳмӣ, якдилӣ ва муттаҳидии миллати тоҷик ҳамеша саъю талош намуда, барои тағйир ва такмили замири худ дар хештаншиносиву ватандорӣ рӯ оварда Ватани маҳбубамонро боз ҳам ободу зебо намуда, нагузорем, ки дигар душманону хоинони миллат барои аз байн бурдани ин сулҳу субот кӯшиши дигаре намоянд.

Шарипов Ҳ., устоди кафедраи “Таъриху диншиносӣ”.




  Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>

30.06

© 2022 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика