Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Хабарҳо (бойгонӣ)

  Имрӯз (03.06.с.2017), дар доираи сафари хизматии Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро ба шаҳри Кӯлоб ва бахшида ба таҷлили 20-солагии Ваҳдати миллӣ, дар ноҳияи Ҳамадонӣ Минтақаи маъмурии милитсия барои нозирони минтақавии ШВКД дар ноҳияи мазкур ифтитоҳ гардид. Дар маросими ....
03.06.2017 17:41 5743


Имрӯз (03.06.с.2017), Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро ба шаҳри Кӯлоб сафар намуда, дар маросими супоридани дипломи камолот ба хатмкунандагони Муассисаи давлатии таълимии Коллеҷи милитсияи шаҳри Кӯлоб ширкат варзид. Дар ин чорабинии тантанавӣ ҳайати шахсии Коллеҷи мазкур, донишҷӯёни Донишкадаи ....
03.06.2017 13:23 3857


Дар доираи ҳамкориҳои байналмилалии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз тарафи ташкилоти байналмилалии британиягии «Кӯмак ҳангоми сӯхтор», аз санаи 19-уми май то 1-уми июни соли 2017 бо кормандони Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонии ВКД ва ҷузъу томҳои он тренингҳои омӯзишӣ дар самти расонидани ....
02.06.2017 13:47 3749


Имрӯз (01.06.с.2017), дар Вазорати корҳои дохилӣ бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон бо иштироки фарзандони кормандони мақомоти корҳои дохилӣ маҳфили фарҳангӣ таҳти унвони «Пайраҳаи умед» баргузор гардид. Чорабиниро муовини Вазири корҳои дохилӣ генерал-майори милитсия Саидзода Маҳмадсаид Борон ҳусни оғоз бахшида, ҳамаи ....
01.06.2017 18:35 3436


Ба таваҷҷӯҳи шаҳрвандон расонида мешавад, ки мутобиқи Амри Президенти Федератсияи Россия аз 9-уми майи соли 2017, таҳти рақами 202 «Дар бораи хусусиятҳои татбиқи чораҳои бехатарӣ дар давоми баргузории Ҷоми конфедератсияи ФИФА дар соли 2017 дар Федератсияи Россия» аз санаи 1-уми ....
31.05.2017 15:03 3287


Коллеҷи муҳандисию омӯзгории Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1968 ташкил ёфта, дар муддати қариб 50-солаи фаъолияти худ ин муассиса ҳазорон нафар мутахассисонро омода сохтааст. Айни замон дар коллеҷи мазкур беш аз 850 нафар ҷавонон дар ду ....
30.05.2017 12:35 3098


Имрӯз (30.05.с.2017), Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро дар доираи эълон гардидани соли 2017 ҳамчун «Соли ҷавонон» бо курсантони Академияи Вазорати корҳои дохилӣ вохӯрӣ доир намуда, оид ба фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дарси омӯзишӣ гузаронид.Нахуст, Вазири корҳои дохилӣ ҳайати омӯзгорону ....
30.05.2017 14:08 5170


Ҳафтаи сипаригардида дар комплекси сайёҳии «Варзоб» озмуни ҳафтуми ҷумҳуриявии «Нозирони навраси ҳаракат» тайи панҷ рӯз бо як шукӯҳу шаҳомати хоса баргузор гардид.Мавриди қайд аст, ки ҳафт сол боз дар қаламрави кишвар озмуни ҷумҳуриявии «Нозирони навраси ҳаракат» дар роҳ гузаронида мешавад. ....
30.05.2017 09:04 3857


Имрӯз (27.05.с.2017), дар доираи сафари хизматӣ ба вилояти Хатлон вохӯрии Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро бахшида ба таҷлили «Соли ҷавонон» ва 20-умин солгарди «Рӯзи Ваҳдати миллӣ» бо афсарону сарбозони қисми низомии 3503-и Раёсати қӯшунҳои дохилии ВКД Ҷумҳурии ....
27.05.2017 15:01 18157




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид. Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд. Қисми даромади буҷети давлатӣ 102,5 фоиз таъмин гардида, давлат ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуд. Ба ин мақсад танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 40 миллиард ....>>>

Qonun25

© 2024 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика