Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вохӯрии дуҷонибаи Вазирони корҳои дохилии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия

427

28 майи соли 2024 бо дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Бӯстонсарои шаҳрии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе вохӯрии дуҷонибаи вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо вазири корҳои дохилӣ, генерали политсияи Федератсияи Россия Колоколтсев Владимир Александрович баргузор гардид.

428

Дар рафти вохӯрӣ таваҷҷуҳи асосӣ ба шароити буду боши муҳоҷирони меҳнатӣ, ҳалли мушкилот, вазъи ҳуқуқӣ, беҳтар намудани шароити иҷтимоӣ, маишӣ ва ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия равона гардида, ҷонибҳо ҷиҳати такмил додани ҳамкориҳо дар соҳаи муҳоҷират фикру андешаҳои худро иброз намуданд.

429Инчунин оид ба масъалаҳои тақвият бахшидани ҳамкориҳои муштарак дар самти мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, пешгирии шомилшавии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ташкилотҳои экстремистӣ-террористӣ ва дигар масоили мавриди таваҷҷӯҳ гуфтушунид ва табодули афкор сурат гирифт.

Дар фарҷоми вохӯрӣ ҷонибҳо ба мусолиҳа расиданд, ки ҳамкориҳоро дар самти мубориза бар зидди ҷинояткорӣ ба хусус терроризм, экстремизм, ҷиноятҳои киберӣ, мубодилаи иттилоот, ҳалли масъалаҳои муҳоҷирати меҳнатӣ ва омода намудани кадрҳои баландихтисос густариш диҳанд.

Вохӯрӣ дар фазои дӯстӣ, якдигарфаҳмӣ ва ҳусни тафоҳум анҷом пазируфт.

Гул Маҳбуба

430




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид. Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд. Қисми даромади буҷети давлатӣ 102,5 фоиз таъмин гардида, давлат ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуд. Ба ин мақсад танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 40 миллиард ....>>>

Qonun25

© 2024 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика