Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқоти Вазири корҳои дохилӣ бо ҷавонони фаъоли кишвар бахшида ба Рӯзи ҷавонон

413

17 майи соли 2024 дар толори Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо кормандони соҳаи кор бо ҷавонон ва варзиш, аъзоёни иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон, мудирони шуъбаҳои кор бо ҷавонон, шунавандагони маҳфили омӯзишии «Пайравони Пешвои миллат» ва ҷавонони фаъоли кишвар дар доираи моҳвораи ҷавонон баргузор гардид.

414Вазири корҳои дохилӣ нахуст ҳозиринро бахшида ба истиқболи ҷашни Рӯзи ҷавонон табрику муборакбод намуда, барояшон дар омӯхтани илму дониш барору комёбиҳо таманно кард.
415Дар ҷараёни мулоқот аз таърихи бою пурғановати халқи тоҷик, талошу заҳматҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри сулҳу субот, тинҷиву осоиштагӣ, ваҳдату ягонагӣ, некӯаҳволӣ, ободию созандагӣ ва шароиту имкониятҳои фароҳамгардида барои сокинони Тоҷикистон дар солҳои соҳибистиқлолӣ, инчунин аз иқдомҳои беназири Пешвои миллат дар соҳаи обу ҳифзи пиряхҳо ва баромадҳояшон аз минбарҳои ташкилотҳои бонуфузи байналмилалӣ ибрози андеша карда шуд.
416Ҳамчунин, муҳтавои суханронии Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин аз 9 марти соли 2024 бори дигар ба самъи ҳозирин расонида шуда, оид ба пешгирии шомилшавии шаҳрвандон ба ташкилотҳои террористиву экстремистӣ, ҷинояткорию ҳуқуқвайронкунӣ, тақлид ба фарҳанги бегона, таълимоти ғайриқонунии динӣ ва дигар масоили мубрам таъкид гардид.
417Зимни мулоқот байни ҷавонони фаъоли кишвар, донишҷӯён, шунавандагони маҳфили омӯзишии «Пайравони Пешвои миллат» ва Вазири корҳои дохилӣ саволу ҷавоб ва мубоҳисаю музокираҳо сурат гирифта, ба як қатор ҷавонони фаъол туҳфаҳои хотиравӣ ва китобу барномаҳо барои омӯзиш тақдим карда шуд.
Гул Маҳбуба

418

419

420

421

422




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид. Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд. Қисми даромади буҷети давлатӣ 102,5 фоиз таъмин гардида, давлат ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуд. Ба ин мақсад танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 40 миллиард ....>>>

Qonun25

© 2024 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика