Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вохӯрии Вазири корҳои дохилӣ бо Президенти Федератсияи умумиҷаҳонии шиноварӣ

34528-уми феврали соли 2024 дар бинои асосии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро, ки ҳамзамон Раиси Федератсияи шиноварии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб меёбад бо Президенти Федератсияи умумиҷаҳонии шиноварӣ ҷаноби Ҳусейн Ал-Мусаллам баргузор гардид.

Дар ҷараёни вохӯрӣ Вазири корҳои дохилӣ Раҳимзода Р.Ҳ. аз дастгирии пайвастаи Федератсияи умумиҷаҳонии шиноварӣ ёдрас шуда зикр намуданд, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ин намуди варзиш назар ба солҳои қаблӣ рушд намуда истодааст ва барои рушди ин самти варзиш аз ҷониби Ҳукумати кишвар ва Федератсияии шиноварии мамлакат шароитҳои муносиб фароҳам шуда истодаанд.
Федератсияи шиноварии мамлакат солҳои охир якчанд мусобиқаҳои сатҳи байналмилалиро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон доир намуда ва варзишгарони мо солҳои охир дар якчанд мусобиқаҳои сатҳи гуногун иштирок варзиданд.
Ҳамчунин дар ҷараёни вохӯрӣ ҷонибҳо ба масъалаи тақвият бахшидани муносибатҳо ва рушди варзиши шиноварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори назар карданд.




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид. Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд. Қисми даромади буҷети давлатӣ 102,5 фоиз таъмин гардида, давлат ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуд. Ба ин мақсад танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 40 миллиард ....>>>

Qonun25

© 2024 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика