Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Нишасти матбуотӣ дар Вазорати корҳои дохилӣ

339

15-уми феврали соли 2024 дар толори маҷлисгоҳи ВКД Нишасти матбуотӣ оид ба ҷамъбасти фаъолияти хизматии мақомоти корҳои дохилӣ дар соли сипаригардидаи 2023 бо иштироки Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро ва рӯзноманигорони Васоити ахбори оммаи дохилию хориҷӣ баргузор гардид.
Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро намояндагони Васоити ахбори оммаро хайрамақдам гуфта, ҷиҳати ҳамкории судманд дар таъмини ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, амнияти шаҳрвандон ва пешгирии амалҳои ғайриқонунӣ изҳори миннатдорӣ намуд.
Дар идомаи Нишасти матбуотӣ Вазири корҳои дохилӣ доир ба вазъи ҷинояту ҷинояткорӣ дар соли 2023 дар ҷумҳурӣ муфассал маълумот дод.
Зикр гардид, ки дар давоми соли 2023 дар ҷумҳурӣ 21319 (2022-22481) ҷиноят аз ҷониби ҳамаи субъектҳои бақайдгирӣ-баҳисобгирӣ ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба соли 2022 - 1162 ҳолат кам мебошад.
Аз ҷумла, одамкушӣ ва сӯиқасд ба он – 57 (2022-128), роҳзанӣ – 19 (2022-38), ғоратгарӣ – 107 (2022-132), таҷовуз ба номус – 47(2022-37), қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ – 129 (2022-137), авбошӣ – 1414 (2022-1227), қаллобӣ – 2762 (2022-2882), дуздӣ – 4241 (2022-5240), ғ айриқонунӣ нигоҳ доштан ва тайёр кардани силоҳ 35 (2022-40), тамаъҷӯӣ 47 (2022-51), муомилот, ғайриқонунӣ тайёр кардан, нигоҳ доштан ва интиқоли воситаҳои нашъадор 578 (2022-295) ҳолат ба ҳисоб гирифта шудаанд.

340

Дар давраи ҳисоботӣ аз тарафи мақомоти корҳои дохилӣ 11 гурӯҳи муташаккили ҷиноятӣ дар ҳайати 55 нафар барои содир намудани 43 ҷиноят ошкор карда шуданд.
Ҷиҳати пурзӯр намудани ҳамкорӣ бо аҳолӣ 316 адад силоҳи оташфишон мусодира карда шудааст.
Зимни гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз тарафи ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ дар ҷумҳурӣ аз гардиши ғ айриқонунӣ 2 тоннаву 593 кг (2022- 1 т 412 кг), аз ҷумла, героин 347 кг 009 гр (2022 – 59 кг 794 гр ), афюн 132 кг 860 гр (2022-548 кг 906 гр), ҳашиш 2 т 56 кг 597 гр (2022 - 623 кг 960 гр), бангдона 29 кг 451 гр (2022 - 148 кг 111 гр) ва 27 ҳазору 250 (2022-22 160) адад ҳабҳои синтетикии мадҳушкунанда мусодира карда шудаанд.
Аз тарафи ноболиғон 555 (2022-737) ва аз тарафи ҷавонон бошад 3020 (2022-3572) ҷиноят ба ҳисоб гирифта шудааст.
Ҳамзамон, нисбати падару модароне, ки уҳдадориҳои худро дар таълиму тарбияи фарзанд иҷро накардаанд ва нисбати масъулини муассисаҳои таълимӣ бо дастрасии моддаи 90 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон 14 ҳазору 126 адад (2022-13276) парвандаи ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ тартиб дода, барои андешидани чораҳои қонунӣ ба суди шаҳру ноҳияҳо ирсол карда шуданд.
Оид ба риоя накардани талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» 533 (2022-409) ҳолат ба қайд гирифта, дар ин хусус парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ оғоз карда шуд.
Бар асари 1111 (2022-1096) садамаи нақлиётӣ 519 нафар ба ҳалокат расида, 1179 нафар ҷароҳати ҷисмонӣ гирифтанд.
Нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта шумораи ҳодисаҳо 15 адад (1,4%), ҳалокшудагон 103 нафар (24,8%) зиёд шуда, маҷрӯҳшудагон 18 нафар (1,5 %) кам ба қайд гирифта шудааст.
Дар ҷумҳурӣ 1236 (2022-1234) ҳодисаи сӯхтор рух додааст, ки дар натиҷа 23 (2022-18) нафар шаҳрвандон фавтидаанд. Маблағи зарар 47 миллиону 861 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Маблағи эмин нигоҳ доштани молу мулк аз сӯхтор 851 миллиону 776 ҳазор сомонӣ мебошад.
Дар ҷараёни Нишасти матбуотӣ рӯзноманигорон доир ба ошкор ва пешгирии ҷиноятҳои хусусияти террористӣ, экстремистидошта, кофтуков ва истирдоди ҷинояткорон, ҷиҳати осон дастрас намудани маълумотнома доир ба доштан ё надоштани доғи судӣ, ҷаримаҳо барои вайрон намудани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир, пешгирии маводҳои нашъаовари синтетикӣ (ҳабҳои экстазӣ), хушмуомилагӣ бо ронандагону шаҳрвандон аз ҷониби кормандони милитсия, ҳамкориҳои муштараки Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Федератсияи Россия ва дигар давлатҳои хориҷи дуру наздик, инчунин дигар масоили мубрам ба Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Р.Ҳ. саволҳо дода, посухҳои мушаххас гирифтанд.
Зикр гардид, ки мақомоти корҳои дохилӣ баҳри мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, таъмини амният, ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ва ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон ҳамеша дар сафи пеш қарор дошта, пайваста бо ҷомеаи шаҳрвандӣ, махсусан рӯзноманигорон дар робитаи қавӣ қарор дорад.

341

Дар интиҳои нишаст рӯзноманигорон барои хуб ба роҳ мондани фаъолияти хизматӣ дар Хадамоти шиносномавию бақайдгирии ВКД изҳори қаноатмандӣ намуда, ҷиҳати ҳамкориҳои мутақобилан судманд ба кормандони Маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон миннатдории самимии худро баён намуданд.
Гул Маҳбуба, полковники милитсия.




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид. Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд. Қисми даромади буҷети давлатӣ 102,5 фоиз таъмин гардида, давлат ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуд. Ба ин мақсад танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 40 миллиард ....>>>

Qonun25

© 2024 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика