Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Тақдими туҳфаҳои солинавӣ ба сарбозони қисми низомии 6592

105

31-уми декабри соли 2023, дар партави дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Соли нави мелодӣ муовини Вазири корҳои дохилӣ генерал-майори милитсия Раҳмонзода Саиднахш Ҳаким ба қисми низомии 6592-и Раёсати Қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилӣ (бо қароргоҳ дар шаҳри Турсунзода) омада, ба афсарону сарбозон туҳфаҳои солинавӣ тақдим намуд.106

Муовини Вазири корҳои дохилӣ генерал-майори милитсия Раҳмонзода С. Ҳ. нахуст сарбозону афсарони қисми низомии 6592-и Раёсати Қӯшунҳои дохилиро аз номи роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ бо фарорасии Соли Нави мелодӣ табрику муборакбод намуда, барояшон сиҳативу саломатӣ ва дар пешбурди хизмат барору комёбиҳо таманно кард.
107Зикр гардид, ки сарбозону афсарон зери таваҷҷуҳи доимии роҳбарияти давлату Ҳукумат қарор доранд ва дар баробари ин ғамхориҳо ҳар яки онҳоро зарур аст, ки ба халқу Ватан содиқона хизмат намоянд.
Гул Маҳбуба

108

109




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид. Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд. Қисми даромади буҷети давлатӣ 102,5 фоиз таъмин гардида, давлат ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуд. Ба ин мақсад танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 40 миллиард ....>>>

Qonun25

© 2024 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика