Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ғолибони озмуни «Беҳтарин кормандзани мақомоти корҳои дохилӣ» муайян гардиданд

146

27-уми декабри соли 2023 дар Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон байни кормандзанони мақомоти корҳои дохилӣ, ки дар вазифаҳои роҳбарикунанда ифои вазифа менамоянд, даври ниҳоии озмуни «Беҳтарин кормандзани мақомоти корҳои дохилӣ» баргузор гардид.

147Бояд тазаккур дод, ки даврҳои аввали озмуни мазкур тибқи нақша-чорабиниҳои Ассотсиатсияи шӯрои занони ВКД бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи кормандони милитсия баргузор гардида, ба даври ниҳоӣ 20 нафар занҳои низомипӯши роҳбар, ки дар сафи милитсия фаъолият мебаранд, роҳ ёфтанд.
148Тибқи низомнома озмун дар чор марҳилаи санҷишӣ; - кори хаттӣ (диктант) аз фанни забони тоҷикӣ, кори хаттӣ аз фанни забони русӣ, саволҳо дар доираи фаъолияти пурсамари Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва саволҳо аз китоби таълимӣ-тарбиявии «Масъулияти роҳбари сохтори мақомоти корҳои дохилӣ»-и Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Р.Ҳ., доир гардид.
150Озмун таҳти назорати ҳакамон: Каримов Нарзулло - устоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Назарова Парвина - устоди Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Россия, полковники милитсия Давлатшозода Азиза - сардори кафедраи фанҳои ҳуқуқи граждании Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамзамон Раиси Ассотсиатсияи шӯрои занони ВКД, полковники милитсия Умарҷони Эмомалӣ – муовини Роҳбари Дастгоҳи Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, полковники милитсия Самиъзода Бахтиёр - дотсенти кафедраи фанҳои ҷамъиятии Академияи ВКД, ҷараён гирифт.
151Ҳайати ҳакамон, дар баробари санҷиши хаттӣ дараҷаи саводнокии зеҳнӣ ва амалии иштирокчиёни озмунро бо пешниҳоди саволҳо муайян намуданд. Маҳорати суханварӣ бо ду забон: тоҷикӣ ва русӣ, ҳозирҷавобӣ ба ҳайси роҳбар, малакаи роҳбарӣ ҳангоми кор бо зердастон, доштани донишҳои тахассусӣ барои таҳлил ва нақшабандии фаъолияти хизматӣ, огоҳӣ доштан аз фаъолияти роҳбарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санаҳои таърихӣ бахшҳои озмунро фаро гирифт, ки ҳайати ҳакамон ба он таваҷҷуҳ намуда, ғолибони шаш зинаи ифтихориро муайян намуданд.
152Ҳамин тавр ҷойи аввалро полковники милитсия Отаҷонзода Наргис – муовини командири қисми ҳарбии 3502-и Раёсати қӯшунҳои дохилии ВКД, зинаи дуюмро полковники милитсия Гул Маҳбуба – сардори шуъбаи сомонаи расмии ВКД дар назди Дастгоҳи Вазири корҳои дохилӣ, ҷойи сеюмро подполковники хизмати дохилӣ Бобоҷонова Шафоат Қурбонбоевна - муовини сардори Котиботи Раёсати ВКД дар вилояти Суғд ишғол намуда, бо Ифтихорнома ва маблағҳои пулӣ: ҷойи аввал 3 ҳазор сомонӣ, ҷойи дуюм 2 ҳазор сомонӣ ва ҷойи сеюм 1 ҳазор сомонӣ мушарраф гардиданд.
159Ҳамчунин, ҷойҳои ифтихории зеринро полковники милитсия Зубайдуллозода Зулфия – сардори шуъбаи таъминоти ҳуқуқии Раёсати нозиротӣ-ташкилии ВКД, майори милитсия Сафарзода Гулбаҳор – тарҷумони РВКД дар вилояти Хатлон ва подполковники милитсия Забирзода Шаҳло – сардори шуъбаи Раёсати таъминоти моддӣ, техникӣ ва низомии ВКД сазовор гардида, бо Сипоснома ва маблағҳои пулӣ - як ҳазор сомонӣ сарфароз гардонида шуданд.
154153Дар қисмати дуюми чорабинӣ, ки бо иштироки муовини Вазири корҳои дохилӣ генерал-майори милитсия Иброҳимзода Нозим ва кормандзанони шуъбаю раёсатҳои мақомоти корҳои дохилӣ доир гардид, натиҷаи фаъолияти Ассотсиатсияи шӯрои занони ВКД дар давоми соли 2023 ҷамъбаст гардида, вазифаҳо барои соли 2024 мушаххас гардиданд.
155Муовини Вазири корҳои дохилӣ генерал-майори милитсия Иброҳимзода Нозим зимни баромад ҳамаи кормандзанони мақомотро бо фарорасии Соли нави мелодӣ табрику муборакбод намуда, дар фаъолияти хизматиашон барору комёбиҳо таманно кард.
Мавсуф дар ҷараёни суханронӣ миннатдории самимии ҳайати кормандзанони мақомоти корҳои дохилиро ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои таваҷҷӯҳ ва ғамхорию дастгириҳои пайваста иброз намуд.
158Қайд гардид, ки ба вазифаҳои пурмасъули давлатӣ таъйин шудани занону бонувон яке аз самтҳои сиёсати давлатдории навини Тоҷикистони соҳиибистиқлол мебошад, ки бо мақсади арҷгузорӣ ба мавқеъу манзалати зан-модар дар ҷомеа нигаронида шудааст. Дар сохтори мақомоти корҳои дохилӣ низ занону бонувони матинирода дар як саф бо мардон хизмат намуда, дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва пешгирию мубориза бар зидди ҷинояткорӣ саҳми арзандаи худро мегузоранд.
157Ҳамчунин, полковники милитсия Давлатшозода Азиза - сардори кафедраи фанҳои ҳуқуқи граждании Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамзамон Раиси Ассотсиатсияи шӯрои занони ВКД баромад намуда, аз нақши занон дар таълиму тарбияи насли ҷавон ва корҳои анҷомдодашудаи соли 2023 ба ҳозирин маълумоти муфассал дод.
Дар хотимаи чорабинӣ муовини Роҳбари Дастгоҳи Вазири корҳои дохилӣ полковники милитсия Умарҷони Эмомалӣ баромад намуда, натиҷаи озмуни «Беҳтарин кормандзани мақомоти корҳои дохилӣ»-ро эълон кард ва ғолибони озмун дар фазои тантанавӣ бо мукофотҳо сарфароз гардонида шуданд.
Гул Маҳбуба




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид. Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд. Қисми даромади буҷети давлатӣ 102,5 фоиз таъмин гардида, давлат ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуд. Ба ин мақсад танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 40 миллиард ....>>>

Qonun24

© 2024 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика