Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Иштирок дар ҷаласаи 26-уми Шурои роҳбарони мақомоти салоҳиятдори кишварҳои СААД

134Дар ҷаласаи 26-уми Шурои ҳамоҳангсозии роҳбарони мақомоти салоҳиятдори кишварҳо – аъзоёни Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ оид ба мавзӯи мубориза бар зидди муҳоҷирати ғайриқонунӣ, ки 13-уми декабри соли 2023 дар пойтахти Ҷумҳурии Беларус - шаҳри Минск баргузор гардид, муовини Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-майори милитсия Насимзода Акбар Ғиёс ва сардори Хадамоти шиносномавию бақайдгирии ВКД генерал-майори милитсия Халилзода Ҳусейн Собир иштирок намуданд.135

Дар кори ҷаласа масъалаҳо оид ба натиҷаи корҳои анҷомдодашуда дар самти амалиёти минтақавии СААД вобаста ба муқовимати муҳоҷирати ғайриқонунӣ бо номи шартии «Нелегал», вазъи муҳоҷират дар кишварҳои аъзои СААД, таҷрибаи мақомоти салоҳиятдор ҷиҳати амалисозии назорати муҳоҷиратӣ нисбати шаҳрвандони хориҷӣ, мубодилаи таҷриба доир ба таҳияи воридсозии тағйиру иловаҳо ба санадҳои меъёрию ҳуқуқии соҳаи муҳоҷират, додани иҷозати зисти муваққатӣ ба шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд, бо тартиби соддагардонидашуда ба шаҳрвандӣ қабул намудани шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд, муқовимат ба шуғли ғайриқонунии муҳоҷирони меҳнатӣ ва дигар мавзуъҳои дахлдори соҳа мавриди муҳокимаронӣ қарор гирифтанд.
Намояндагони Вазорати корҳои дохилӣ дар масъалаҳои болозикр баромад намуда, таклифу пешниҳодҳои худро ҷиҳати беҳтару хубтар ба роҳ мондани фаъолияти Шурои ҳамоҳангсозии роҳбарони мақомоти салоҳиятдори кишварҳо – аъзоёни СААД манзур намуданд.
Ҳамчунин, дар фарҷоми ҷаласа нақшаи чорабиниҳои Шуро барои соли оянда баррасӣ гардид.
Хусрав Солеҳзода




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид. Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд. Қисми даромади буҷети давлатӣ 102,5 фоиз таъмин гардида, давлат ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуд. Ба ин мақсад танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 40 миллиард ....>>>

Qonun25

© 2024 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика