Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Маросими Савгандёдкунии наваскарон дар қисми низомии 6592

310

Қӯшунҳои дохилии ВКД дар тӯли мавҷудияти худ дар таҳкими суботу оромӣ, ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ва мубориза бо ҷинояткорӣ нақши назаррас дорад.311

Бо дастгирӣ ва ғамхории Сарвари давлат дар якчанд соли охир шароити моддӣ-маишӣ ва хизматрасонӣ дар қисмҳои низомии кишвар бахусус дар қисмҳои низомии Раёсати қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилӣ беҳтар гардида, тибқи талаботи замони муосир ба роҳ монда шудааст.
312Афсарону сарбозон бо руҳияи баланди ватандӯстона бо сарбаландӣ хизмати Модар-Ватанро адо намуда истодаанд ва тамоми донишу таҷриба, малакаву маҳорати худро ба хотири ҳифзи дастовардҳои Истиқлоли давлатии кишвар сафарбар месозанд.313
Чорабиние, ки имрӯз дар майдони қисми низомии 6592 РҚД ВКД, бо иштироки муовини аввали Вазири корҳои дохилӣ, собиқадорон ва падару модарони сарбозони навдаъватшуда баргузор гардид, бо садо додани Суруди миллӣ оғоз гардида, сипас наваскарон дар назди ҳозирин бо тантана Савганд ёд намуданд.
Зимни суханронӣ муовини аввали Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Аламшозода Абдураҳмон Аламшо волидайни наваскаронро ба ин рӯзи фаромӯшнашаванда, табрику муборакбод намуда, бо боварӣ зикр кард, ки наваскарон ба Савганди ёдкардаи худ устувор монда, ба халқу Ватан содиқонаву софдилона хизмат мекунанд.
Ҳамчунин қайд гардид, ки муҳофизати Ватан қарзи шаҳрвандии ҳар як сокини мамлакат мебошад.
Дар идомаи чорабинӣ волидон ва наздикони наваскарон иброз доштанд, ки имрӯз барои мо ва фарзандонамон рӯзи хотирмону фаромӯшнашаванда боқӣ хоҳад монд, зеро фарзандони мо дар баробари соҳиби номи сарбоз шудан, посдори обу хоки ин сарзамин монда, ба Ватан-Модар хизмат мекунанд.
Ҳамчунин наваскарон суханронӣ намуда, зикр карданд, ки мо ваъда медиҳем барои ҳимояи марзу буми Ватан содиқ монда, ба савганди ёднамудаи худ устувор мебошем ва барои ҳимояи ин Ватан агар лозим ояд ҷонро фидо мекунем
Марши тантанавӣ аз ҷониби наваскарон анҷомбахши ин чорабинӣ буд.
Абдулмуъмин Зайниддинзода,
Муродалӣ Саидзода




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид. Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд. Қисми даромади буҷети давлатӣ 102,5 фоиз таъмин гардида, давлат ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуд. Ба ин мақсад танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 40 миллиард ....>>>

Qonun25

© 2024 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика