Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Конференсияи илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи «Муқовимат ба савдои одамон, мушкилот ва мулоҳизаҳо»

23

26-уми октябри соли 2023 бо ташаббуси роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон конференсияи илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи «Муқовимат ба савдои одамон, мушкилот ва мулоҳизаҳо» бо иштироки Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ, доктори илмҳои ҳуқуқ, профессор Ализода Зариф, муовини якуми Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Аламшозода Абдураҳмон Аламшо, ки ҳамзамон раиси Комиссияи байниидоравии муқовимат ба савдои одамон мебошад ва намояндагони вазорату идораҳои дахлдор баргузор гардид.24

Дар оғози кори конференсия муовини якуми Вазири корҳои дохилӣ Аламшозода А.А. бо сухани ифтитоҳӣ баромад намуда, аз номи Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқ, генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро меҳмонон ва ҳамаи иштирокчиёни конференсияро хайрамақдам гуфта, вобаста ба зарурияти баргузории ин ҷаласаи илмӣ таъкид намуд.
26Зикр гардид, ки савдои одамон дар миқёси ҷаҳонӣ ҳамчун ҷинояти поймолкунандаи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шакли муосири ғуломӣ таҳти таваҷҷуҳи ҷиддии ҷомеаи ҷаҳонӣ қарор дорад. Хусусияти фаромиллӣ ва муташаккили ҷинояти мазкур фаъолияти ҳамбаста, фарогир ва ҳамаҷониба бо ҳам мувофиқашудаи давлатҳоро тақозо менамояд.25
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мубориза бо ин зуҳуроти манфӣ дар канор набуда, дар самти мазкур як қатор тадбирҳои назаррас ва мушаххасро роҳандозӣ намудааст.
27Иқдоми нисбатан муҳим ин таҳия гардидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза ба муқобили хариду фурӯши одамон» аз 15 июли соли 2004, №47 ва дар таҳрири нав Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба савдои одамон ва расонидани кумак ба қурбониёни савдои одамон» аз 26 июли соли 2014, №1096 ба шумор меравад.
Ҳадафи конференсия ин мусоидат намудан ба муколамаи байни мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва ташкилотҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ бо мақсади табодули таҷриба дар муқовимат ба савдои одамон, муҳокимаи роҳҳои ҳалли ин масъала, аз ҷумла пешгирии ин амали номатлуб, системаи чораҳо оид ба ҳифз ва расонидани кумак ба қурбониёни савдои одамон иборат мебошад.
Конференсияи мазкур таҳти модератории Солиев Карим Ҳоҷиевич - сардори Раёсати ҳамкориҳои байналмилалии Вазорати корҳои дохилӣ, н.и.ҳ., дотсент, Ҳуқуқшиноси шоистаи Тоҷикистон, генерал-майори милитсия ҷараён гирифт.
Дар рафти конференсияи илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ муовини Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шодихон Ҷамшед, муовини якуми директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Зафар Самад, муовини Раиси шаҳри Душанбе Одилзода Дилбар Раҳим, профессори кафедраи ҳуқуқи ҷиноятӣ ва муқовимат ба коррупсияи факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Арбоби илм ва техникаи Тоҷикистон, д.и.ҳ., профессор Шарипов Тақдиршо, Прокурори ноҳияи Шаҳритуси вилояти Хатлон, мушовири адлияи дараҷаи 1 Рауфов Фаррух Халилович, ҳамоҳангсози барномаҳои муқовимат ба савдои одамони Намояндагии Созмони Байналмилалии Муҳоҷират дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳматҷонов Баҳром, роҳбари шуъба оид ба масъалаҳои баробарии гендерӣ ва муқовимат ба савдои одамони Дафтари Барномавии САҲА дар Душанбе Барилов Адриана ва дигар намояндагони ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва коршиносони миллӣ бо маърӯзаҳо баромад намуда, фикру андешаҳои худро иброз доштанд.
Дар фарҷоми конференсия як қатор тавсияҳои муфиди илмӣ ва амалӣ қабул гардиданд.
Гул Маҳбуба, полковники милитсия




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид. Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд. Қисми даромади буҷети давлатӣ 102,5 фоиз таъмин гардида, давлат ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуд. Ба ин мақсад танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 40 миллиард ....>>>

Qonun25

© 2024 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика