Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ифтитоҳи Шуъбаи минтақавии мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили ВКД дар гуруҳи ноҳияҳои Ваҳдат

267

25 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат бинои нави Шуъбаи минтақавии мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар гуруҳи ноҳияҳои Ваҳдат мавриди истифода қарор доданд.268

Бинои шуъбаи минтақавии мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар гуруҳи ноҳияҳои Ваҳдат дар масоҳати 2280 метри мураббаъ сохта шуда, масоҳати зери сохтмони бино 1819 метри мураббаъро ташкил медиҳад.
269Бинои шуъба аз таҳхона ва 2 ошёна иборат буда, 25 ҳуҷраи корӣ, толори маҷлис бо 30 ҷойи нишаст, ошхона барои 30 нафар, бойгонӣ, қабулгоҳ, анбори маҳсулоти хурока ва нуқтаи гармидиҳӣ дорад, ки бо тарҳи зебо сохта шудааст.270
Дар ошёнаи якуми бино ҳуҷраи қабули шаҳрвандон, қисми навбатдорӣ, ҳуҷраҳои корӣ, китобхона бо адабиёти гуногун, аз ҷумла китобҳои фаъолияти соҳавӣ ҷойгир гардида, ҳуҷраи коргарону роҳбарият ва толори маҷлис бо 30 ҷой, дар ошёнаи дуюми бино ҷойгир шудааст.
271Бо мақсади дастгирии кормандон ва таъмини афсарон бо ҷойи хоб дар ҳавлии иншоот ду хобгоҳ бо 40 ҷойи хоб муҷаҳҳаз бо тамоми шароити зисту зиндагонӣ сохта шудааст, ки ин амал боиси руҳбаландии кормандон мегардад.
Дар таҳхонаи иншоот толори машқу тамрин ва дигар ҳуҷраҳои ёрирасон мавҷуд мебошад.
Атрофи шуъба чароғон карда шуда, бо камераҳои назоратӣ таъмин мебошад. Роҳравҳо бо сангҳои гуногун оро ёфта, дар қисми пеши ҳавлӣ дарахтону гулҳои ороишӣ шинонида шудааст.
Бинои шуъбаи минтақавии мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар гуруҳи ноҳияҳои Ваҳдат бо талаботи замон бунёд шуда, ҳамаи ҳуҷраҳои корӣ бо мизу курсии нав ва технологияи компютерӣ муҷаҳҳаз мебошад.
Бинои навсохт ҳамзамон дорои маркази гармидиҳии тариқи ангишт фаъолияткунанда мебошад.
Мувофиқи лоиҳа бинои нав барои пешбурди фаъолияти самараноки дастаи махсуси зудамали шуъба пешбинӣ гардидааст.
Барои ба варзиш машғул шудани кормандони шуъба, хусусан дастаи зудамал майдони варзишӣ сохта шудааст. Майдон бо тарҳи муосир бунёд гардида, бо таҷҳизоти зарурии машқу тамрин таъмин аст.
Мавриди зикри хос аст, ки давоми солҳои соҳибистиқлолӣ аз ҷониби Президент ва Ҳукумати кишвар барои тамоми сохторҳои қудратӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот бо таъмини техникаю дигар муҳимот, омӯзонидани кадрҳои баландихтисос дар дохил ва хориҷи мамлакат, инчунин бо бунёди иншооти замонавӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон ва ноҳияҳои тобеи марказ шароити муосири кор фароҳам оварда шудааст.
Бунёди Шуъбаи минтақавии мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили Вазорати корҳои дохилӣ дар гуруҳи ноҳияҳои Ваҳдат низ идомаи мантиқии дастгириҳои давлату ҳукумат нисбат ба кормандони соҳа мебошад, ки барои таъмини амнияту субот дар кишвар равона гардидааст.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо шароити корӣ дар бинои нав ба сифти корҳои анҷомёфта баҳои баланд дода, кормандони милитсияро ба хизмати садоқатмандона ба Ватан, саҳм гузоштан дар коҳиш ёфтани сатҳи ҷинояткорӣ, пешгирии он, таъмини волоияти қонун ва ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ҳидоят намуданд.




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид. Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд. Қисми даромади буҷети давлатӣ 102,5 фоиз таъмин гардида, давлат ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуд. Ба ин мақсад танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 40 миллиард ....>>>

Qonun25

© 2024 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика