Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Кӯлоб бинои шуъбаи Хадамоти давлатии «Муҳофиза»-и Вазорати корҳои дохилиро ифтитоҳ намуданд

257

19 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои шуъбаи Хадамоти давлатии «Муҳофиза»-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлобро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.258

Бинои навбунёди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дорои 24 ҳуҷраи корӣ ва иншооти ёрирасон мебошад. Дар ошёнаи якум китобхонаи кушоду барҳаво бо асарҳои Пешвои миллат, шоирону нависандагони классик ва муосири халқи тоҷик, адабиёти соҳавӣ ва 10 ҳазор нусхаи китобҳои электронӣ, қисми навбатдорӣ, анбори нигоҳдории либос ва маводи хӯрока мавҷуд мебошад.
259Кормандони шуъба метавонанд дар вақтҳои барояшон мусоид озодона вориди китобхона гашта, адабиёти лозимаи хешро дастрас ва мутолиа намоянд.260
Ҳамзамон дар китобхона 2 компютер насб карда шудааст, ки ба шабакаи интернет пайваст мебошад.
261Дар бинои навбунёд толори кушоду барҳавои маҷлисӣ бо 80 ҷойи нишаст, ошхона барои 60 нафар ва толори варзишӣ барои машқу тамрини кормандон сохта шудааст. Толори маҷлисӣ барои баргузории ҳамагуна вохӯриву мулоқот ва чорабиниҳои сиёсӣ - тарбиявӣ бисёр мувофиқ мебошад.262
Ҳуҷраҳои ошёнаи 3-юм ва 4-уми бинои нав барои кормандони Хадамот, аз ҷумла афсарони шуъбаҳои назорати ташкилӣ, банақшагирии иқтисодӣ, кор бо ҳайати шахсӣ ва корҳои ташкили воҳидӣ, хизмат, роҳбаладӣ, шуъбаи воситаҳои техникӣ ва муҳандисӣ пешбинӣ шудааст.
Ба ғайр аз ин дар ошёнаи 4-уми бино меҳмонхона сохта шудааст, ки дар ҳуҷраҳои он барои қабули меҳмонон тамоми шароити зарурӣ муҳайё мебошад.
Дар ин рӯз аз ҷониби Сарвари давлат ба кормандони шуъба як воситаи нақлиёти хизматӣ туҳфа карда шуд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо шароити дар бинои нав фароҳамгардида ба корҳои сохтмонӣ баҳои баланд дода, кормандони шуъбаи Хадамоти давлатии «Муҳофиза»-и Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Кӯлобро дар самти иҷрои содиқонаи вазифаҳои хизматиашон вазифадор намуданд.
Ёдовар мешавем, ки корҳои сохтмонии иншоот аз тарафи сохтмончиёни Раёсати сохтмони асосии Вазорати корҳои дохилӣ бо сифати баланд иҷро гардиданд.
Намои берунаи бино бо тарҳи муосир оро ёфта, равшании онро дар шаб чароғакҳои гуногуни ҷилодиҳанда таъмин менамоянд.




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид. Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд. Қисми даромади буҷети давлатӣ 102,5 фоиз таъмин гардида, давлат ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуд. Ба ин мақсад танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 40 миллиард ....>>>

Qonun25

© 2024 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика