19-уми сентябри соли 2023, Вазири корхои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро дар кори форуми "Ҷаҳони ягона, амнияти умумӣ" дар шаҳри Лянюгани Ҷумҳурии Мардумии Чин иштирок варзида, вобаста ба масъалаи рӯзмарра баромад намуд.
Вазири корҳои дохилӣ зимни суханронӣ нахуст ба Вазири бехатарии ҷамъиятии Ҷумҳурии Мардумии Чин ҷаноби Ван Сяохун барои дар сатҳи баланд ташкил намудани Форуми мазкур изҳори миннатдорӣ намуда, зикр кард, ки имрӯз дар ин кори Форум мо масъалаҳои муҳими соҳаи амният ва хатару таҳдидҳои байналмилалиро муҳокима намуда, самтҳои нави рушди ҳамкориҳои ояндаро муайян менамоем.Мо барои рушди ҷаҳонии ҳамкориҳои дуҷонибаю бисёрҷониба саъю кӯшиш менамоем ва чунин саъю кӯшишро дӯстони чинии мо низ ҳамаҷониба нишон дода истодаанд.
Алоқа ва ҳамкориҳои Вазоратҳои мо сатҳи нав касб намуда, дар ин ҷода ба дастовардҳои назаррас ноил гардидем.
Дар ҷараёни Форум масъалаҳои ҳамкориҳо дар самтҳои гуногуни фаъолият, аз он ҷумла мубориза бар зидди терроризм, экстремизм, сепаратизм, мубодилаи иттилоот ва дигар масоили мубрам баррасӣ гардиданд.
Айни замон сафари Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро ба Ҷумҳурии Мардумии Чин идома дошта, аз ҷараёни он иловатан иттило дода мешавад.
Гул Маҳбуба, полковники милитсия
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>