Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дар ҷамъомади тантанавӣ кормандзанони мақомоти корҳои дохилӣ қадрдонӣ гардиданд

217

12-уми сентябри соли 2023, дар толори асосии Вазорати корҳои дохилӣ зимни ҷамъомади тантанавӣ, бо дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба кормандзаноне, ки дар паради ҳарбӣ бахшида ба ҷашни 32-юмин солгарди Истиқлоли давлатӣ ва 30-солагии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳисси баланди ватандӯстӣ иштирок намуданд, аз ҷониби Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро қадрдонӣ  карда шуданд.

218

219

Ҷамъомади тантанавӣ бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз шуд.

220

Вазири корҳои дохилӣ ба ҳамаи кормандзанони Вазорати корҳои дохилӣ ва ҷузъу томҳои он барои иштироки фаъолона дар паради ҳарбӣ ва хизмати содиқонаю софдилона изҳори миннатдории самимӣ намуда, зикр кард, ки мо аз он ифтихор менамоем, ки занон дар баробари мардон тамоми кӯшишу заҳмати хешро барои пешрафти кори милитсия сарф намуда, ҳамарӯза дар фаъолияти худ, садоқат, самимият ва масъулияти худро нишон медиҳанд.

221

 

Боло бурдани мақому мартабаи зан, ки пайваста дар суханрониҳои Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз минбарҳои баланд садо медиҳад, нишони таваҷҷӯҳ ва эътибори ҷиддӣ додан ба занон, ба ҳисоб меравад.

222223

Сипас, дар фазои идона аз ҷониби Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро ба кормандзаноне, ки дар паради ҳарбӣ бахшида ба ҷашни 32-юмин солгарди Истиқлоли давлатӣ ва 30-солагии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуда буданд, тӯҳфаҳо тақдим карда шуд.

Дар хотимаи ҷамъомади тантанавӣ якчанд нафар бонувон - кормандзанони мақомоти корҳои дохилӣ ба сухан баромада, барои таваҷҷӯҳу ғамхорӣ ба Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори миннатдорӣ баён намуданд.

Гул Маҳбуба

 

225

224




  Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>

Qonun4

© 2023 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика