Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҷаласаи навбатии Шӯрои Вазирони корҳои дохилии узви ИДМ дар Ҷумҳурии Қазоқистон

226

15-уми сентябри соли 2023, ҷаласаи навбатии Шӯрои Вазирони корҳои дохилии давлатҳо - узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар шаҳри Туркистони Ҷумҳурии Қазоқистон баргузор гардид.227

Дар ҷаласа намояндагони ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини якуми Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Аламшозода Абдураҳмон Аламшо, намояндагони вазоратҳои корҳои дохилии Ҷумҳуриҳои Арманистон, Озарбойҷон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Россия, Туркманистон ва Ӯзбекистон, инчунин намояндагони Кумитаи иҷроияи ИДМ, Бюрои ҳамоҳангсозии мубориза бо ҷиноятҳои муташаккил ва дигар намуди ҷиноятҳои хавфнок дар ҳудуди ИДМ ва Маркази зиддитеррористии ИДМ ширкат варзиданд.
228Дар рӯзномаи ҷаласаи мазкур ҳамагӣ 10 масъала баррасӣ гардид. Аз он ҷумла, масъалаҳои ҳамкориҳои афзалиятноки вазоратҳои корҳои дохилии давлатҳо - узви ИДМ ва рафти иҷрои барномаи байнидавлатии мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, тақвияти ҳамкорӣ ҷиҳати муқовимат бар зидди киберҷиноятҳо, ҷустуҷӯи ҷинояткорони дар кофтуков қарор дошта, гардиши ғайриқонуни маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ дар нақлиёт мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.229
Дар ҷараёни ҷаласа ҳамчунин рафти иҷрои Барномаи байнидавлатии чорабиниҳои муштараки мубориза бар зидди ҷинояткорӣ барои солҳои 2019-2023 ва натиҷаи чорабиниҳои мувофиқашуда ё якҷояи оперативӣ-профилактикии вазоратҳои корҳои дохилии (политсияи) давлатҳо - иштирокчиёни аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил мавриди муҳокимарониҳо қарор дода шуданд.




  Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>

Qonun4

© 2023 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика