9-уми сентябри соли 2023, муовини якуми Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Аламшозода Абдураҳмон Аламшо бо намояндагони диаспораҳои тоҷикони шаҳру вилоятҳои Федератсияи Россия, ки ҷиҳати иштирок дар ҷашни Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват шудаанд, вохӯрӣ доир намуд.
Дар ҷараёни вохӯрӣ ва суҳбати озоду самимӣ Аламшозода Абдураҳмон меҳмононро бахшида ба ҷашни бузургу муқаддаси миллӣ - Истиқлоли давлатӣ табрик гуфта, ба онҳо барору комёбиҳо таманно намуд.Дар навбати худ меҳмонон аз даъвати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ин чорабинии таърихӣ ва дастгирию ғамхориҳои пайвастаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори миннатдорӣ намуда, таъкид доштанд, ки бо ниҳодҳои давлатӣ дар ҳамкорӣ қарор доранд ва сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамаҷониба дастгирӣ намуда, дар рушду тараққиёти ватани азизон саҳми арзандаи худро мегузоранд.
Дар фарҷоми вохӯрӣ аз ҷониби роҳбарияти ВКД меҳмонон барои ҳамкориҳои судманд бо медали Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Барои ҳамкорӣ", Ифтихорнома ва Раҳматномаҳо сарфароз гардонида шуданд.
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>