8-уми сентябри соли 2023 дар толори асосии Вазорати корҳои дохилӣ ба ифтихори таҷлил аз 32-юмин солгарди Истиқлоли давлатӣ ва 30-солагии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомади тантанавӣ бо иштироки Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро, роҳбарият ва ҳайати шахсии мақомоти корҳои дохилӣ баргузор гардид.
Ҷамъомади бошукӯҳи идона бо садо додани Суруди миллии Тоҷикистон оғоз шуд.Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро зимни суханронии табрикии худ истиқлоли давлатиро бузургтарин ва муқаддастарин неъмат, ифтихор ва номуси ватандорӣ, асоси хушбахтиву сарбаландии сокинони Тоҷикистон маънидод карда, зикр намуд, ки ҳамаи ин дастовардҳо бо шарофати ҷаҳду талошҳо ва заҳмату меҳнати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадааст.
Таъкид гардид, ки дар арафаи ин ҷашнҳои бузургу миллӣ аз ҷониби Роҳбари давлат 2 нафар кормандони мақомоти корҳои дохилӣ бо рутбаи олии ҳарбии «генерал-майор» ва 15 нафари дигар бо рутбаи навбатии «полковники милитсия» қадрдонӣ гардиданд. Сипас, дар фазои тантанавӣ Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро ба онҳо рутбаҳои махсуси навбатиро супорида, изҳор дошт, ки аз ҷониби Роҳбари давлат ва Ҳукумати мамлакат хизматҳои фарзандони содиқу далер ва матиниродаи Ватан пайваста қадршиносӣ гардида, ба онҳо ғамхорӣ ва таваҷҷӯҳи хоса зоҳир карда мешавад.
Гул Маҳбуба
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>