Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Намоиш-фурӯши маҳсулот бахшида ба ҷашни Истиқлоли давлатӣ

28

6-уми сентябри соли 2023, бахшида ба ҷашни Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Вазорати корҳои дохилӣ намоиш-фурӯши маҳсулоти хӯрока барои кормандони мақомоти мазкур доир гардид.29

Дар ин намоиш маҳсулоти хӯрока аз қабили гушту биринҷ, равғану шакар, тухму орд, картошкаю пиёз, помидору бодиринг, сабзавот ва дигар маҳсулоти ғизоӣ пешкаши харидорон карда шуд.
30Тамоми ин маҳсулоти хӯрока аз ҳисоби хоҷагиҳои ёрирасони Вазорати корҳои дохилӣ пешниҳод гардида, нисбат ба бозору марказҳои савдо нархи онҳо 30 фоиз арзонтар ба фурӯш гузошта шуда буд, ки ин тӯҳфаи хуб дар арафаи ҷашни Истиқлол ба шумор меравад.
Лозим ба ёдоварист, ки дар арафаи ҳама гуна ҷашну маросимҳои идона чунин намоиш-фурӯши маҳсулот пайваста аз ҷониби роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ ташкил карда шуда, шаҳодат аз дастгирӣ ва ғамхорӣ нисбати кормандони ин сохтори бонуфузи қудратӣ мебошад.
Гул Маҳбуба, полковники милитсия




  Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>

Qonun4

© 2023 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика