Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дар Раёсати тиббии ВКД шуъбачаи муолиҷаи физиотерапевтӣ мавриди истифода қарор дода шуд

203

5-уми сентябри соли 2023, Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро дар Раёсати тиббии Вазорати корҳои дохилӣ шуъбачаи муолиҷаи физиотерапевтиро мавриди истифода қарор дод.204

205Утоқҳои корӣ ва муолиҷавии шуъбачаи мазкур бо таҷҳизоти наву замонавии соҳавӣ, аз қабили ултра-мавҷи табобатӣ (ударно-волновая терапия), фонофарез – табобат бо усули зарбаи мавҷӣ, ташхиси ултрасадо, биомассаж - маҳси амиқи бофтаҳо, маҳси биоэнергетикӣ, лойдармонӣ бо озокерит, маҳсӣ дастӣ бо бӯғи туркӣ, барқи бернарӣ ва дигар лавозимоти корӣ таъмин мебошад.206
Бояд тазаккур дод, ки дастгоҳҳои мазкур баҳри табобати бемориҳои қанд, остеохондроз, бехобӣ, невроз, ихтилоли меъдаю рӯда, набудани иштиҳо, қабзият, бавосир, хориш, бемориҳои тарбод, артрит, бемориҳои гарданаки бачадон, дарди пушт ва пойҳо, ҷароҳатҳо, осеби бофтаҳои нарм, осеби устухонҳо, чарх задани сар, фишорбаландӣ, камхунӣ ва дигар намуди зиёди бемориҳо хизмат мерасонанд.
207Зимни боздид Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро масъулинро вазифадор намуд, ки барои муолиҷаву табобати беморон хизматрасонии босифат ба роҳ монда, имконоти фароҳамоварда барои таъмини солимии кормандони мақомоти корҳои дохилӣ, собиқадорон ва шаҳрвандон самаранок истифода баранд.208
Гул Маҳбуба




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид. Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд. Қисми даромади буҷети давлатӣ 102,5 фоиз таъмин гардида, давлат ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуд. Ба ин мақсад танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 40 миллиард ....>>>

Qonun25

© 2024 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика