Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҷаласаи тантанавӣ ба ифтихори ҷашни Истиқлоли давлатӣ дар ВКД

198

4-уми сентябри соли 2023 дар толори асосии Вазорати корҳои дохилӣ ба истиқболи 32-юмин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 30-солагии Қувваҳои Мусаллаҳ ҷамъомади тантанавӣ бо иштироки Котиби Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмудзода Насрулло, Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро, роҳбарият ва ҳайати шахсии мақомоти корҳои дохилӣ баргузор гардид.

196

197Ҷамъомади бошукӯҳи идона бо садо додани Суруди миллии Тоҷикистон оғоз шуд.

Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро зимни суханронии табрикии худ истиқлоли давлатиро бузургтарин ва муқаддастарин неъмат, ифтихор ва номуси ватандорӣ, асоси хушбахтиву сарбаландии сокинони Тоҷикистон маънидод карда, тамоми кормандони милитсия, собиқадорон ва мардуми сарбаланди кишварро бо фарорасии ҷашнҳои муқаддасу бузурги миллӣ табрику таҳният гуфт.
Таъкид гардид, ки ин рӯзи босаодат, яъне ҷашни истиқлолу озодӣ ва бузургтарин дастоварди ин давра - сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ ба мардуми шарифи Тоҷикистон ба осонӣ муяссар нашудааст. Ноил шудан ба ҳамаи ин дастовардҳо бо шарофати ҷаҳду талошҳо ва заҳмату меҳнати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадааст.199
Сипас, Котиби Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмудзода Насрулло ҳозиринро ба ифтихори 32-юмин солгарди Истиқлоли давлатӣ ва 30-солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику муборакбод намуда, дар фазои идона ба як зумра кормандони мақомоти корҳои дохилӣ мукофотҳои давлатиро супорид.
Ҳамчунин бо Фармоиши Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ноил шудан ба натиҷаҳои назаррас дар фаъолияти хизматӣ ва бахшида ба ин ҷашнҳои таърихӣ ва хотирмон як қатор кормандони мақомоти корҳои дохилӣ бо мукофотҳои соҳавӣ, медалу нишонҳои сарисинагӣ, Ифтихорнома ва рутбаҳои махсуси навбатӣ сарфароз гардонида шуданд.

Гул Махбуба

202

201

200




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид. Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд. Қисми даромади буҷети давлатӣ 102,5 фоиз таъмин гардида, давлат ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуд. Ба ин мақсад танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 40 миллиард ....>>>

Qonun24

© 2024 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика