1-уми сентябр дар Академияи ВКД вохӯрии Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо ҳайати шахсӣ, курсантон ва шунавандагони Академияи ВКД ва Муассисаи давлатии Коллеҷи милитсияи ВКД доир гардид.
Вазири корҳои дохилӣ нахуст устодону курсантон ва шунавандагонро бо Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ табрик намуда, барояшон муваффақияту барор ва баҳрашон дар омӯзиши илму дониш пешравӣ орзу намуд.
Вазири корҳои дохилӣ аз иштирок ва суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Ифтитоҳи бинои асосии Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон дар ноҳияи Данғара ёдоварӣ намуда, зикр намуд, ки ҳамасола бо дарси сулҳ оғоз намудани Соли нави хониш анъанаи нек аст, чунки ҷумҳурии мо дар арсаи ҷаҳон чун давлати сулҳҷӯву сулҳхоҳ шинохта шудааст.
Он процитировал речь Лидера нации, которая больше относится к правоохранительным органам: «За последние десятилетия, то есть с конца 20-го века и в начале 21-го века, состояние планеты стало весьма уязвимым и беспокойным из-за усилий сверхдержав по перераспределению мира».
Мавсуф аз суханронии Пешвои миллат иқтибос овард, ки ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бештар тааллуқ дошт: «Тайи даҳсолаҳои охир, яъне охири асри 20 ва оғози садсолаи 21-ум вазъи сайёра бар асари талоши абарқудратҳо барои аз нав тақсим кардани ҷаҳон бисёр ҳассосу ноором гардид.
Вазири корҳои дохилӣ дар идома иброз дошт, ки имрӯзҳо талабот ба омӯзиши илмҳои замон, забонҳои хориҷӣ ва мутахассиси донандаи техника ва технологияи ҳозиразамон бештар гардидааст. Аз ин рӯ, Роҳбари давлат бо ташкил ва баргузории озмунҳои гуногуни ҷумҳуриявӣ ва таъкиди пайваста дар бораи забономӯзӣ хоҳони баланд бардоштани малакаи касбии кормандони касбу кори гуногун ва омӯзиши бештари донишҷӯён маҳсуб меёбад.
- Хушбахтона, бо дастгирии Сарвари давлат дар Вазорати корҳои дохилӣ муассисаҳои пешрафтаи таълимӣ - Академияи ВКД, Коллеҷи милитсия, Коллеҷи техникӣ-оташнишонӣ фаъолият мебаранд. Имрӯзҳо барои таҳлили муҳассилини ин муассисаҳои таълимӣ шароити зарурӣ муҳайё гардидааст. Танҳо аз Шумо талаб карда мешавад, ки пайваста пайи омӯзиши илму дониш шаванд ва ба Ватан содиқ бошанд. Ҳамзамон, курсантонро мембояд, ки аз ҷаҳони имрӯз воқиф буда, ҳамеша ҳушёру зирак бошанд, - гуфт Роҳбари аввали ВКД.
Дар охир чанд нафар устодону курсантон суханронӣ намуда, миннатдории хешро ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Рамазон Раҳимзода барои муҳайё намудани шароити зарурии илмомӯзӣ ва дастгирии пайвастаи ҷавонон расониданд.
Наврӯз Ҷобиров
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>