Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқоти Вазири корҳои дохилӣ бо роҳбарони ташкилотҳои ҷамъиятии тоҷикони муқими Россия

181

28-уми августи соли 2023 дар бинои Сафорати Тоҷикистон дар Федератсияи Россия мулоқоти Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро, ки бо сафари корӣ дар шаҳри Москва қарор дорад, бо роҳбарони ташкилотҳои ҷамъиятии тоҷикони муқими Россия, намояндагону фаъолони ҷамъиятҳо ва чеҳраҳои маъруфи аҳли зиё аз ҳисоби ҳамватанони муқими кишвари иқомат баргузор гардид.183

Дар мулоқоти мазкур ҳамзамон кормандони Сафорат, Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия, инчунин намояндагони Намояндагиҳои вазорату идораҳои Тоҷикистон дар кишвари мазкур иштирок намуданд.
184Дар рафти мулоқот доир ба масоили марбут ба муҳоҷирати меҳнатӣ, бахусус корҳои фаҳмондадиҳию иттилоотӣ, риояи талаботи қонунгузории Федератсияи Россия, тартиби ҳуҷҷатгузорӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ табодули афкор сурат гирифт.
Аз намояндагони ташкилоту ҷамъиятҳо ҷиҳати тақвият додани равобит ва ҳамкориҳо бо ҳамватанон, инчунин тарбияи ҷавонон дар руҳияи ваҳдати миллӣ ва ватандӯстӣ бо мақсади пешгирӣ аз амалҳои номатлуб даъват ба амал оварда шуд.




  Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>

Qonun4

© 2023 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика