Бо супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дар асоси қарори Мушовараи якҷояи Вазоратҳои корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия, таҳти №355/366 аз 5-уми июни соли 2023, рӯзи 28-уми августи соли 2023 Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро ба шаҳри Москваи Федератсияи Россия сафар кард.
Дар рафти сафар вохӯрии Раҳимзода Р.Ҳ. бо Вазири корҳои дохилии Федератсияи Россия генерали политсия Колоколсев Владимир Александрович пешбинӣ гардидааст.
Ҳангоми вохӯрӣ масъалаҳои ҳамкории ду вазорат оид ба будубоши муҳоҷирони меҳнатӣ, проблемаю мушкилот, ҳифзи ҳуқуқ ва пешгирии қонуншиканиҳо нисбати онҳо, инчунин масъалаи дастгир намудани ҷинояткор Саидмуродов Д. вобаста ба гаравгон ва куштори муовини раиси ҶСК «Ориёнбонк» Исматуллоев Шуҳрат ва дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳ баррасӣ мегардад.
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>