Дар доираи сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон имрӯз бинои Шуъбаи минтақавии мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккил дар вилояти мазкур бо иштироки Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро ва дигар шахсони расмӣ ифтитоҳ гардид.
Бинои мазкур дар кӯчаи Ш.Шоҳтемури шаҳри Хоруғ ҷойгир буда, аз 2 ошёна ва таҳхона иборат мебошад.
Бинои мазкур дорои қисми навбатдорӣ, котибот, ҳуҷраҳои корӣ, китобхона, утоқи қабули шаҳрвандон, маҷлисгоҳ бо 36 ҷойи нишаст ва дигар шароитҳои маишӣ мебошад.
Ҳамчунин бино дорои мошинсарой барои автомашинаҳои хизматӣ буда, бо системаи гармидиҳии автономӣ пайваст гардонида шуда, гирду атрофи бино кабутизор карда шудааст.
Зимни боздид Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро аз сатҳу сифати корҳои анҷомдодашуда изҳори қаноатмандӣ намуда, ба кормандони шуъбаи мазкур ҷиҳати содиқона ва софдилона иҷро намудани вазифаҳои хизматӣ ва пешгирию ошкор намудани ҷинояткорӣ як қатор дастуру супоришҳои мушаххас дод.
Гул Маҳбуба
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>