Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Нишасти матбуотӣ оид ба фаъолияти мақомоти корҳои дохилӣ дар нимсолаи аввали соли 2023

161

11 августи соли 2023 дар толори маҷлисгоҳи ВКД Нишасти матбуотӣ оид ба ҷамъбасти фаъолияти хизматии мақомоти корҳои дохилӣ дар нимсолаи аввали соли 2023 бо иштироки Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро ва рӯзноманигорони Васоити ахбори оммаи дохилию хориҷӣ баргузор гардид.162

Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро намояндагони Васоити ахбори оммаро хайрамақдам гуфта, ҷиҳати ҳамкории судманд дар таъмини ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, амнияти шаҳрвандон ва кирдорҳои хилофи қонун изҳори миннатдорӣ намуд.
163Зикр гардид, ки мақомоти корҳои дохилӣ яке аз пешоҳангони мубориза бар зидди ҷинояткорӣ ва қонуншиканӣ маҳсуб ёфта, ҳамзамон кафили тинҷиву осудагӣ ба шумор рафта, кормандони милитсия дар ин самт шабонарӯзӣ фаъолият менамоянд.
Дар идомаи Нишасти матбуотӣ Вазири корҳои дохилӣ доир ба вазъи ҷинояту ҷинояткорӣ дар нимсолаи аввали соли 2023 дар ҷумҳурӣ маълумоти муфассал дод.164
Дар ҷараёни Нишасти матбуотӣ рӯзноманигорон доир ба ошкор ва пешгирии ҷиноятҳои хусусияти террористӣ, экстремистидошта, кофтукови ҷинояткорон, вазъи садаманокӣ, вайрон намудани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ва дигар масоили мубрам ба Вазири корҳои дохилӣ саволҳо дода, посухҳои мушаххас гирифтанд.
Бояд тазаккур дод, ки мақомоти корҳои дохилӣ баҳри мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, таъмини амният, ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ва ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон ҳамеша дар сафи пеш қарор дошта, пайваста бо ҷомеаи шаҳрвандӣ, махсусан рӯзноманигорон дар робитаи қавӣ қарор дорад.
Гул Маҳбуба




  Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>

Qonun4

© 2023 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика