Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вохӯрии Вазири корҳои дохилӣ бо варзишгарони ҷавон

159

5-уми августи соли 2023, Раиси Федератсияи миллии шиноварии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро, бо мураббӣ ва варзишгарони тими дастаи ҷавонони Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба шиноварӣ вохӯрӣ доир намуд.160

Мавриди қайд аст, ки таҳти роҳбарии мураббӣ Мирзоев Раҳмат, варзишгарони шиновар Алиев Билол, Шокиров Некрӯз ва Гадиятуллин Богдан дар Бозиҳои II кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ), ки аз 7-ум то 14-уми августи соли 2023 дар шаҳри Брести Ҷумҳурии Белорусия баргузор мегардад, иштирок намуда, Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар самти варзиши шиноварӣ муаррифӣ хоҳанд намуд.
Бояд тазаккур дод, ки ба барномаи Бозиҳои II кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил 20 намуди варзиш шомил буда, дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо шумули 132 нафар аз рӯи 13 намуди варзиш ширкат меварзанд.
Гул Маҳбуба




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид. Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд. Қисми даромади буҷети давлатӣ 102,5 фоиз таъмин гардида, давлат ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуд. Ба ин мақсад танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 40 миллиард ....>>>

Qonun25

© 2024 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика