27-уми июли соли 2023, Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро аз ҷараёни корҳои сохтмонии ҳавзи шиноварӣ ва бинои нави маъмурии қисми ҳарбии 3503-и Раёсати қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилӣ дар дар шаҳри Бохтар дидан намуд.
Зимни сафари корӣ Вазири корҳои дохилӣ Раҳимзода Р.Ҳ. барои сари вақт ва дар мӯҳлати муайянгардида ба итмом расонидани сохтмон дастуру супоришҳои мушаххас дода, зикр намуд, ки ба сифати корҳои сохтмонӣ диққати ҷиддӣ дода шавад. Ҳамзамон барои бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта масъулинро вазифадор намуд.
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>