Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вохӯрӣ бо варзишгарони дастаи мунтахаби Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба шиноварӣ

153

18-уми июли соли 2023, Раиси Федератсияи миллии шиноварӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро, бо варзишгарони дастаи мунтахаби Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба шиноварӣ вохӯрӣ доир намуд.154
Дар вохӯрӣ варзишгарони шиновар Маткамов Фахриддин, Бордачёва Екатерина, мураббӣ Измайлова Екатерина Игоревна ва сардори Раёсати ҳамкориҳои байналмилалии Федератсияи миллии шиноварии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуллозода Фурқон иштирок намуданд.
Зимни вохӯрӣ Раҳимзода Рамазон Ҳамро варзишгаронро барои дар сатҳи баланд нишон додани малаки касбӣ ҷиҳати иштирок дар Чемпионати ҷаҳон оид ба шиноварӣ, ки аз 21 то 31-уми июли соли 2023 дар шаҳри Фукуокаи Ҷумҳурии Ҷопон баргузор мегардад, инчунин дигар мусобиқаҳои дарпешистодаи сатҳи ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ ҳидоят намуд.
Изҳори умедворӣ карда шуд, ки варзишгарони шиновари кишварамон дар ин мусобиқаи сатҳи ҷаҳонӣ лоиқу сазовор баромад намуда, бо ишғоли мақомҳои ифтихорӣ номбардори Ватани хеш мегарданд.
Ҷоиз ба зикр аст, ки шиноварӣ яке аз намудҳои маҳбуби варзиш аст, ки дар баробари ба дастовардҳо ноил шудан, ҳамчунин ба саломатии инсон фоидаи зиёд дорад.
Гул Маҳбуба




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид. Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд. Қисми даромади буҷети давлатӣ 102,5 фоиз таъмин гардида, давлат ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуд. Ба ин мақсад танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 40 миллиард ....>>>

Qonun25

© 2024 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика