Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Тақвият бахшидани ҳамкориҳои судманд

144

Имрӯз вохӯрии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо Ҳамоҳангсози доимии навтаъйини СММ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хонум Рамсавами Парвати баргузор гардид.145
Сараввал Вазири корҳои дохилӣ Раҳимзода Р.Ҳ., хонум Рамсавами Парватиро ба муносибати таъйин шудан ба ин вазифаи пурмасъул табрику муборакбод намуда, дар фаъолияти минбаъдааш барору комёбиҳо таманно намуд.
Ҷонибҳо дар ҷараёни мулоқот ҷиҳати боз ҳам мустаҳкам намудани ҳамкориҳо дар соҳаи таъмини амният ва рушди муносибатҳо табодули афкор намуда, таклифҳои судманд пешниҳод намуданд.
Дар хотимаи вохӯрӣ ҷонибҳо омодагии хешро барои тақвият бахшидани ҳамкориҳои самаранок иброз доштанд.




  Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>

Qonun4

© 2023 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика