13-уми июни соли равон Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро дар маҷлисгоҳи Академияи ВКД бо хатмкунандагони факултетҳои №2, 5 ва 6-и ин муассисаи таҳсилоти олии касбӣ вохӯрии судманд доир намуд.
Вазири корҳои дохилӣ хатмкунандагони ин боргоҳи илму донишро барои бомуваффақият супоридани имтиҳонҳои давлатӣ ва таъйин гардидан ба вазифаҳо дар мақомоти корҳои дохилӣ самимона муборакбод намуда, ба онҳо дар фаъолияти минбаъдаашон барору муваффақиятҳо таманно кард.
Дар рафти вохӯрӣ зикр гардид, ки сиёсати Роҳбари давлат махсусан ба ҷавонон нигаронида шудааст, бинобар ин кору фаъолияти кормандони ҷавон аз рӯзҳои аввал дар сафҳои мақомоти корҳои дохилӣ таҳти назорати доимии роҳбарияти ВКД ва ҷузъу томҳои он қарор мегирад.
Дар хотима изҳори боварӣ карда шуд, ки хатмкунандагон ҳамчун ҳомиёни содиқи давлату миллат донишҳои назариявии худро дар амал татбиқ намуда, обурӯ ва манзалати милитсияро дар ҷомеа боз ҳам баланд мебардоранд.
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>