12-уми июни соли 2023 Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро, ҳамзамон Раиси Федератсияи миллии шиноварии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо мураббиёни варзиши шиноварӣ, ки моҳи майи соли ҷорӣ дар мусобиқаи «Бозиҳои Осиё ва Уқёнуси Ором – 2023» ки дар шаҳри Ҷонбуки Кореяи Ҷанубӣ баргузор гардид, ширкат варзида, соҳиби ҷойҳои намоён гардиданд, вохӯрӣ доир намуд.
Мавриди қайд аст, ки дар ин мусобиқаи бонуфузи «Бозиҳои Осиё ва Уқёнуси Ором-2023», ки намояндагони 23 давлати ҷаҳон аз 28 намуди варзиш ширкат варзиданд, Ҷумҳурии Тоҷикистонро варзишгарони тими мунтахаби шиноварии кишвар: Умаров Аҳмадҷон - мураббии шиноварӣ, Устоди хизматнишондодаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Гадоев Шухрат Алмасович – мураббии шиноварӣ, Устоди варзиш муаррифӣ намуда, дар маҷмӯъ 6 медали тилло ва 1 медали нуқра ба даст оварданд.
Варзишгарони шиновар аз таваҷҷуҳу ғамхориҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати рушди варзиши шиноварӣ, дастгирии шиноварон ва муҳайё намудани шароити мусоид барои машқу тамрини онҳо, ки боиси рушди соҳаи варзиши шиноварӣ мегардад, изҳори сипос намуданд.
Гул Маҳбуба
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>