Баъди баимзорасонии созишномаҳои нави ҳамкорӣ Вазирони корҳои дохилии Тоҷикистону Россия бо доираи васеи хабарнигорони дохилу хориҷи кишвар нишасти хабарӣ доир намуданд.
Нахуст, Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳимзода Р.Ҳ., перомуни навовариҳои мувофиқашудаи ҳамкорӣ ва мавқеи мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тадбиқи барномаи пешбинишуда ва баъдан Вазири корҳои дохилии Федератсияи Россия Калоколтсев В.А., вобаста ба нақшаҳои минбаъдаи фаъолияти якҷоя ба хабарнигорон маълумот доданд. Дар навбати худ рӯзноманигорон низ оид ба мавзуъҳои мавриди таваҷҷӯҳи ҷомеа, аз ҷумла раванди муҳоҷирати меҳнатӣ ва мушкилоти он, содир шудани ҷиноят аз ҷониби шаҳрвандони ҳарду ҷониб дар қаламрави давлати мизбон, дастовардҳои оперативӣ-хизматии дар натиҷаи ҳамкорӣ ба даст омада, ба роҳбарони аввали мақомоти корҳои дохилӣ саволҳо дода, ҷавоби мушаххас гирифтанд.
Вазирони корҳои дохилӣ бо мисолҳои воқеӣ ва пеш овардани рақамҳои дақиқи вазъи ҷинояткорӣ саволҳои дархостии рӯзноманигорони шабакаҳои телевизиониву радиоӣ ва расонаҳои иттилоотиро қонеъ намуданд.
Бо ҳамин ҷаласаи Мушовараи якҷояи Вазоратҳои корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федаратсияи Россия анҷом пазируфт.
Гул Маҳбуба, Акбар Шарифӣ.
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>