Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Созишномаҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд

127

Дар қисмати дуюми ҷаласаи Мушовараи якҷояи Вазоратҳои корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федаратсияи Россия аз ҷониби Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковиники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро ва Вазири корҳои дохилии Федератсияи Россия генерали политсия Колоколтсев Владимир Александрович Созишномаҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд.128
Масъалаҳои ҳамкории мақомотҳои корҳои дохилии ҳарду кишвар, дар самти мубориза бар зидди ҷинояткории трансмиллӣ, терроризму экстремизм, пешгирӣ аз қочоқи маводи мухаддир, тақвият бахшидани ҳамкориҳо дар самти фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ, криминалистика, бақайдгирии ҷиноятҳои шаҳрвандони ҳарду кишвар дар минтақаҳои маъмурии Тоҷикистону Россия, дастгиркунии ҷинояткорони ҷустуҷӯшаванда, киберҷиноятҳо бо истифода аз антитехнологияҳои муосир, азонихудкунӣ ва тасарруфи маблағҳои электронӣ, мубодилаи иттилооти оперативӣ ва дигар самтҳои соҳаи низму тартибот, ҳифзи ҳуқуқу озодии шаҳрвандон ва моликияти онҳо дар санади ҳуқуқӣ барои тақвият бахшидани ҳамкории мақомотҳои корҳои дохилии ҳарду кишвар ба имзо расонида шуд, ки марҳила ба марҳила дар амал бояд тадбиқ шавад.
Сардорони Раёсатҳои оперативӣ, тафтишоту таҳқиқ, хадамотҳои криминалистӣ, алоқа ва дигар шахсони масъул аз ҷониби Вазирони корҳои дохилии Тоҷикистону Россия вазифадор шуданд, ки барои тадбиқи барномаҳои қабулгардида сайъ намоянд.




  Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>

Qonun4

© 2023 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика