Дар рафти ҷаласаи Мушовари якҷояи Вазоратҳои корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия масъалаҳои муборизаи дастаҷамъона бар зидди хатарҳои замони муосир аз қабили терроризму эктремизм, муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир, тақвият бахшидани ҳамкориҳои минбаъдаи мақомотҳои корҳои дохилии ду кишвари дӯст барои боздошти ҷинояткорони ҷустуҷӯшаванда, истифода аз малакаи касбии сохторҳои ташхиси криминалистӣ, тафтишоту таҳқиқ, хадамоту дастгоҳҳои оперативӣ ва алоқа баррасӣ гардиданд.
Намояндагони масъули Вазоратҳои корҳои дохилии ду кишвар зимни суханрониашон аз таъсиси чунин мушовараи муштарак изҳори қаноатмандӣ намуда, баргузории мушовараҳоро дар наздик намудани муносибатҳои пайвандӣ ва кории ду кишвар арзёбӣ намуданд. Ҷонибҳо зимни баррасии масъалаҳои марбут ба ҷаласаи якҷоя ба тавофуқ расиданд, ки муборизаи дастаҷамъонаи мақомотҳои ду кишвар барои решакан намудани ҷинояту ҷинояткорӣ, аз қабили терроризму экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва силоҳ, киберҷиноятҳо ва дигар шаклҳои фаромилии кирдорҳои зидиҳуқуқӣ нақши арзанда хоҳад гузошт. Ҳамзамон масъалаҳои муҳоҷират ва мушкилоти алоқаманд ба он мавриди муҳокимаронии роҳбарони аввали Вазоратҳои корҳои дохилии Тоҷикистону Россия қарор гирифт.Пешгирӣ аз ҷиноятҳо бо истифода аз антитехнологияҳо, азонихудкунии маблағҳо бо ин васила, аз ҷумла тасарруфи маблағҳои электронии пулӣ, маблағгузорӣ ба шабакаҳои экстремистиву террористӣ мавзуъҳое буданд, ки ҳайати ду ҷониб таваҷҷӯҳ намуданд.
Тайёр намудани кадрҳои баландихтисоси самтҳои фаъолияти мақомоти корҳои дохилӣ бо истифода аз имкониятҳои муассисаҳои олии таълимии ВКД Федератсияи Россия низ дар рафти мушовара баррасӣ гардид.
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>