Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вохӯрӣ дар ҳошияи Мушовара

122

Пеш аз оғози Мушовараи якҷояи Вазоратҳои корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия ба ҳайати меҳмонон манзараҳои табиати макони истироҳатии Маркази таълимии Раёсати минтақавии Бонки миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд нишон дода шуд. Дарахтони ҳамешасабз, гулу буттаҳои орошӣ ва боду ҳавои мусоиди тароватбахшӣ минтақа ба ҳайати меҳмонон илҳоми тоза бахшид.123
Ба макони баргузории чорабинӣ Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ташриф оварда, Вазирони корҳои дохилии Федератсияи Россия генерали политсия Колоколтсев Владимир Александрович ва генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамроро бо армуғонҳои миллӣ сарфароз намуд. Зимни мулоқот мавсуф таъкид намуд, ки масъалаҳои соҳавии дар мушовара баррасишаванда имкон медиҳад, ки ҳамкории милитсияи тоҷик ва политсияи Федератсияи Россия устувор ва минбаъд ба нафъи ҳарду давлат барои муқовимат бар зиди ҷинояткорӣ, таъмини амнияту осоиштагӣ мусоидат намояд.
Дар нишасти пеш аз ҷаласавӣ Вазирони корҳои дохилии ҳарду давлат изҳори умед карданд, ки дар якҷоягӣ метавонанд дар иҷрои вазифаҳои хизматӣ муваффақ шаванд.




  Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>

Qonun4

© 2023 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика