Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ташрифи роҳбарияти ВКД Федератсияи Россия ҷиҳати иштирок дар Мушовараи якҷоя

117

Дар доираи ҳамкориҳои байналмилаливу минтақавӣ ва бисёрҷонибаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақомотҳои корҳои дохилии кишварҳои минтақа ва ҷаҳон пайваста байни намояндагони мақомоти корҳои дохилӣ оид ба масоили тақвият бахшидани ҳамкорӣ баҳри пешгирӣ ва мубориза бар зидди ҷинояткорӣ вохӯриву гуфтушунид, ҷаласаҳои машваратии якҷоя ва мулоқотҳои судманд баргузор мегардад. Дар ин раванд дар доираи нақшаи кории муштарак баргузории ҷаласаи навбатии Мушовараи якҷояи Вазоратҳои корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия рӯзҳои 5-6-июни соли ҷорӣ дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд ба нақша гирифта шудааст.Чорабинии мазкур дар Маркази таълимии Бонки миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор хоҳад шуд.118
Тибқи нақшаи пешбинишуда дар ҷараёни ҷаласа масъалаҳои тақвият бахшидани ҳамкории мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия дар масъалаҳои пешгирии ҷинояткорӣ дар миқёси ҳарду давлат, мубориза бар зидди экстремизму терроризм, ҷинояткории муташаккилона, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва силоҳ, қиберҷиноятҳо ва ба имзорасонии тавофуқномаҳои нави ҳамкорӣ дар назар аст.
119Бо ҳамин мақсад нимаи дуюми рӯзи 5-уми июн ҳайати расмии ВКД Федератсияи Россия бо роҳбарии Вазири корҳои дохилии ин кишвар генерали политсия Колоколтсев Владимир Александрович ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварданд.120
Ҳайати меҳмононро дар фурудгоҳи байналмиллалии шаҳри Хуҷанд Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро, Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода, ҳайати роҳбарикунадаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар шахсони расмӣ пешвоз гирифтанд.




  Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>

Qonun4

© 2023 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика