31 майи соли 2023 Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо Ҷаноби Илкка Салми ҳамоҳангсози Иттиҳоди Аврупо оид ба мубориза бар зидди терроризм, Хонум Терҳи Ҳакала намояндаи вижаи Иттиҳоди Аврупо дар Осиёи Миёна, Ҷаноби Раймундас Кароблис сафир-намояндаи Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон ва дигар намояндагони расмии Иттиҳоди Аврупо вохӯрӣ баргузор намуд.
Зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои мубрами ҳамкориҳо, аз қабили таҳкими амнияти минтақавӣ ва байналхалқӣ, мубориза бар зидди терроризм, экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва дигар масоили муҳимро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Ҳамчунин, доир ба таҳдиду хатарҳои замони муосир, аз қабили ҷинояткориҳои муташаккили фаромиллӣ ва пешгирию муборизаи дастҷамъона дар ин самт як қатор таклифу пешниҳодҳои судманд ироа гардид.
Зимнан ҷонибҳо ба вазъи кунунии Афғонистон ва густариши мавқеи муттаҳидаи ҷомеаи ҷаҳонӣ дар ин самт таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуданд.
Дар рафти мулоқот ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати боз ҳам рушду густариш додани ҳамкориҳо изҳор дошта, вохӯрӣ дар фазои дӯстӣ, якдигарфаҳмӣ ва ҳусни тафоҳум анҷом пазируфт.
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>